Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бостонӣ, хоҳ реализми фантастикии Гоголь, Булгаков ё Маркес ва хоҳ фантастикаи илмиро бигиред, ҳамаи онҳо бо вуҷуди рангорангии худ маҳз ба нисбати каробати худ бо рӯйдодҳои воқеӣ эътимодбахшанд. Тахайюли фантастикӣ ин ё он ҷиҳати зиндагонии воқеиро гирифта, барҷаставу назаррас карда нишон медиҳад ва ба истилоҳе «қоидаи бозиро» муайян карда, ҳамон ҷиҳатҳои рӯзгорро дар умумияти фалсафиашон намоиш медиҳад ва то ҳадди тавон мекушад, ки имконоти инкишофи минбаъдаи онҳоро ошкор созад.

Хаёлоти фантастикӣ истиораи зиндагонист, ки барои муоинаи он аз дидгоҳи тоза ва ғайричашмдошт имкон медиҳад. Дар асри мо ба маҷозу истиораҳо зарурате пайдо шудааст ва сабаби ин ҳол на фақат дар он аст, ки кашфиёти илму техника сар ба арсаи фантастикаи дирӯза даровардааст. Сабаб бештар дар он аст, ки оламе ки мо зиндагонӣ мекунем, оламе ки аз ихтилофоти иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, нажодӣ ба изтироб афтодааст, худ олами фантастикист.

Ва камина таманное дорам, ки кинояҳои сариозекии романи ман ба инсони заҳматкаш масъулияти ӯро барои тақдири замини мо бори дигар ёдрас намоянд.

пешина
аз 293
навбатӣ