Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Шунидед, авлодони Баракбой, ҳамкавми мо, ин Раймалии бидъаткор чӣ мегӯяд?
— Шунидем.
— Пас гӯш андозед, ки ман чӣ мегӯям. Даставвал ба ту мегӯям, Раймалии шӯрбахт. Ҳамаи умр ту бенавои токазин будию дар базмҳо рӯз гузарондӣ, бо думбураат диринг-диринг карда, ашӯла мехондӣ, ширинкору масхарабоз будӣ. Умрат ба хушҳолии дигарон сарф шуд. Он вақтҳо ҷавон будӣ, мо аз гумроҳат чашм пӯшидем. Акнун пир ва хандасор шудай. Мо аз ту ор мекунем. Бояд ки аз он дунё андеша кунӣ, фурӯтан шавӣ. Ту бошӣ, он духтаркати алоқа баста, ба неши забони бадгӯён афтодӣ, чун сабуксари бемағз расму оин, қоидаву қонунҳои моро пеши по задӣ, ба маслиҳати мо гӯш намеандозӣ... Хулоса, аз худат гила кун, ҷазои туро Худо медиҳад. Акнун боз як сухан дорам. Абдулхон, аз ҷоят бархез, ту додари ҳамхунаш ҳастӣ, аз як падару модар ба дунё омадаед. Ту, Абдулхон, мояи умед ва такягоҳи мо ҳастӣ. Мо мехоҳем, ки аз ҷониби ҳамаи баракбоиҳо ту сардори музофот интихоб шавӣ. Аммо бародарат аз ақл бегона шудааст ва кори кардаашро худаш намедонад ва эҳтимоле ҳаст ки ба интихоб шудани ту халал расонад. Бинобар ин ту ҳақ дорӣ коре бикунӣ, то Раймалии хирасар дар назари халқ моро шарманда накунад, то ки мардум ба рӯи мо туф накунад, баракбоиҳоро масхара надоранд!
— Касе дар сари ман қозию ҳакам нест,— аз Абдулхон пештар ба сухан даромад Раймалӣ-ого.— Ба шумо, дар ин ҷо нишастагон, раҳмам меояд, шумо сахт хато мекунед, шумо чизеро муҳокима мекунед, ки барои маҷлиси шумо дастнорас мебошад. Хабар надоред, ки бахт чисту ҳақиқат дар куҷост. Вақте ки дил аз суруд моломол мешавад, оё сароидан айбу гуноҳ аст? Вақте ки худованд ба қалби инсон ишқ ато мекунад, муҳаббат варзидан айбу гуноҳ аст? Бузургтарин саодати дунё аз саодати ошиқон масъуд шудан аст! Шумо аз он сабаб маро хирасар мешуморед, ки суруд мехонам ва аз ишқе ки бемаҳал ба дилам манзил кардааст, рӯй наметобам ва баръакс шодмонӣ мекунам. Ин ба шумо маъқул набошад, ман аз назди шумо меравам. Олам васеъ аст, ба ҷои дигар меравам. Худи ҳозир Сараларо савор мешаваму ба назди маҳбубаам ё ҳар ду ба сарзамини дигаре меравем, то шуморо бо суруд ё рафтори худ нороҳат накунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо