Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мефиристад, он тарафаш ихтиёр ба худашон, тавонанд, меоянд... Лекин бояд албатта бидонанд, ки мӯйсафеди Қазонқоп чашм аз олам пӯшидааст...

Соние ӯ роҳ мепаймуду фикр мекард, ки саҳарӣ пеш аз ҳама Каранорашро бояд аз чарогоҳ дошта биёрад. Даркор мешавад. Мурдани одам ҳазл не, аммо одамро бо обрӯю иззат дафн кардан ҳам кори осон нест дар дунё... Рӯзи дафн маълум мешавад, ки ин нест, вай нест, ҳамаи ин чизҳоро, аз кафанворӣ сар карда, то ҳезуми оши худой ба зудӣ пайдо кардан лозим.

Дар ҳамин лаҳза ҳаво сахт такон хӯрд, чунон ки дар фронт аз мавҷи тавонои таркиш ҳамин тавр мешуд, ва замин дар зери пои Едигей ларзид. Ва ӯ дид, ки дар муқобили ӯ дар гӯшаи дури дашт, дар он ҷое, ки мувофиқи шуниди вай космодроми Сари Озек воқеъ гашта буд, чизе ба шакли гирдбоди оташине, чун сутуни яклухту бузурги алангае ба осмон баромад. Едигей саросема шуда монд. Мушаке ба кайҳон мерафт. Вай ин гуна манзараро ҳеҷ гоҳ надида буд. Вай ба мисли ҳамаи сокинони Сари Озек медонист, ки дар куҷое, тахмин дар чил километр роҳ ё андак наздиктар аз он космодроми Сари Озеки 1 ҳаст. Медонист, ки ба он ҷо аз истгоҳи Тӯгарак Том шохаи махсуси роҳи оҳанро кашидаанд. Ҳатто ҳикоят мекарданд, ки дар ҳамон тарафҳо дар миёнан дашт шаҳри калоне пайдо шудааст, ки магазинҳои калон-калон дорад. Вай ин гапҳоро аз радио, аз сӯҳбатҳо дар бораи кайҳоннавардон ва парвозҳои кайҳонӣ мешунид, аз рӯзномаҳо мехонд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо дар ҳамин қарибиҳо рӯӣ медоданд. Дар консертҳои ҳаваскорони бадеии маркази вилоят, ки он ҷо Собитҷон зиндагонӣ мекунад ва он шаҳр чандон наздик набуд, — ба қатор савор шавӣ, якуним шабонарӯз роҳ гаштан лозим меомад, — ана дар ҳамон шаҳр бачаҳо суруд хонда мегуфтанд, ки онҳо хушбахттарини бачаҳои оламанд, чунки амакҳои кайҳоннавард аз сарзамини онҳо ба кайҳон парвоз мекунанд; лекин азбаски ҳар чизе ки дар атрофи космодром буд, минтақаи пӯшида ҳисоб меёфт. Едигей аз он ҷоҳо чандон дур набуда ҳам, фақат бо маълумоти аз инӯ он шунидааш қаноат мекард. Ва ҳоло бори нахуст бо чашми худ медид, ки мушаки кайҳонӣ чӣ тавр ба фаввораи оташин печида ва атрофу акнофро аз паррави натиробангезаш равшан сохта, ба қаҳри осмони торик рафт. Едигей тамоми гаранг шуд — нахуд дар мобайни ҳамон сутуни оташ одам нишаста бошад?

пешина
аз 293
навбатӣ