Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
бошад, чунки, охир, кулбааш баъди мурдани ӯ ғамхонаи бекас шуд-ку!.. «Ё тавба, аз ақл бегона шуда истодаам, аз афти кор! — худро мазаммат кард Едигей.— Ҳамин ҳам гап шуд-у! Ҳайфи ман-е! Аклама хӯрдаам!»
Бо вуҷуди он оҳиста ба рӯбоҳ наздиктар омада, ба оҳанге ки вай сухани ӯро мефаҳмида бошад, гуфт:
— Ту бирав, ҷои ту ин ҷо не, бирав, бирав ба даштат. Фаҳмидӣ? Бирав. Не, ба он тараф не, он ҷо сагҳо ҳастанд. Бирав ба даштат, ёрат худо.
Рӯбоҳ пас гашту ба роҳ даромад. Як-ду маротиба ба пасаш нигоҳ карду дар оғуши зулмот нопадид шуд.
То даме ки Одилбои Дароз омаду Едигей ба ӯ навбатдориро супорид ва ҳар ду аз воқеаи нохуш сӯҳбат карда, оҳ кашиданду афсӯс хӯрданду Қазонқопро ёдоварӣ карданд, ба дуроҳаи Бӯронӣ боз ду қатор омаду ба ду тараф гузашта рафт. Едигей аз ҳама корҳо фориғ шуда ба хона мерафт, ки банохост ҳамон чизи аз ёд баровардааш ниҳоят ба ёдаш расид: вай ба занаш нагуфта буд, дурусттараш, бо вай маслиҳат накарда буд, ки ба духтарон ва домодҳои худ аз вафоти Қазонқоп чӣ хел хабар диҳанд. Ду духтари хонадоршудаи Едигей дар самти тамоман дигар — дар наздикиҳои Қизил Ӯрда мезистанд. Калониаш дар совхози шоликор буд, шавҳараш — тракторчии ҳамон совхоз. Хурдиаш аввалҳо дар истгоҳи Қазалӣ мезист, сонитар бо оилааш ба наздиктари апааш, ба худи ҳамон совхоз кӯчид. Шавҳараш роҳнанда шуда кор мекунад. Қазонқоп ба онҳо аз он қабил хешу табор не, ки ба ҷанозаи ӯ омаданашон фарз бошад. Лекин ба назари Едигей Қазонқоп барои онҳо аз хешу табор ҳам наздиктар буд. Духтарҳо дар ҳамин ҷо, дар дуроҳаи Бӯронӣ ба дунё омаданд. Дар ҳамин ҷо ба воя расиданд, дар интернати истгоҳи Кумбел мехонданд. Ба интернат онҳоро бо навбат гоҳ Едигей бурда мемонд, гоҳ Қазонқоп. Едигей ба ёд овард, ки духтарчаҳоро аз таътил ё баъди таътил ба уштур савор карда бурда меоварданд. Хурдиаш дар пеш менишаст, падар дар мобайн, калониаш — дар қафо. Секаса савор мешуданд ва Қаранор аз Бӯронӣ то Кумбел се соат ва агар зимистон бошад, аз он зиёдтар лӯк-лӯкунон медавид. Едигей ба рафтуомад вақт надошта бошад, Қазонқоп мерафт. Вай ҳам барои духтарчаҳо падари худашон барин буд. Едигей аҳд кард, ки пагоҳӣ ба онҳо телеграмма

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё