Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Зан не, оча, хоҳарам мешавад, — гуфт. — Ба табобатхона мебарам.
— Бечора, ҷонаш дар азоб. Аҳволаш бисёр вазнин менамояд. Нигоҳаш лаболаб аз ғаму ғусса. Аз афташ, ба дилаш ваҳм афтодааст. Метарсад, ки духтурҳо ягон касалии ганда наёбанд. Эҳ ин зиндагонӣ ин қадар мушкил будааст! Оҷаат назояд, оламро намебинӣ, ба дунё биой — ҷонат ба азоб мемонад. Замин сахту осмон баланд. Хайр, Худованд карим аст, худаш ҳам ҳоло ҷавон, иншоолло саҳат шуда меравад, — мегуфт пиразан. Вай аз андӯҳе ки тамоми ҳастии Зарифаро фаро гирифта буду ба қадри наздиктар расидан ба истгоҳ торафт меафзуд, чӣ навъе карда пай бурда буд.
То Қумбел ҳамагӣ якуним соата роҳ буд. Мусофирон коре надоштанд, ки қатор аз чӣ гуна ҷое мегузарад. Фақат гоҳ-гоҳе мепурсиданд, ки кадом истгоҳ дар пеш аст. Биёбони азими Сари Озек ҳанӯз барфпӯш буд, дар фазои нопайдоканори озодаш сукунат ҳукмрон. Аммо ҷо-ҷо нахустин нишонаҳои бозгашти баҳор ба назар мерасид. Дар нишебиҳо порча-порча замини барфаш обшуда тирагун метофт, ноҳамвории лабмарзаи чархҳо аёнтар гашта буд, дар сари теппаҳо низ доғҳои тира ба чашм мехӯрданд ва дар ҳама ҷо қабати барф аз таъсири боди нарму рутубатомези моҳи март андак-андак фурӯ менишаст. Лекин офтоб ҳанӯз дар паси абрҳои анбӯҳи пасти тирафом, ки ҳатто ба назари оддӣ серобу тар менамуданд, пинҳон буд. Биёбон ҳанӯз дар ҳукми зимистон буд ва эҳтимоле вуҷуд дошт, ки барф борад ё ҳатто бӯроне ба шӯриш дарояд...
Едигей ба тиреза чашм дӯхта, дар ҷои худ дар рӯ ба рӯи пиразани раҳмдил менишасту гоҳ-гоҳе бо вай як-ду калима радду бадал мекард, вале ба назди Зарифа нарафт. Бигузор танҳо бошад, мегуфт дар дилаш, дар пеши тиреза истода, аҳволи худашро тааммул кунад. Шояд ба дилаш ягон эҳсоси тозае биояд. Эҳтимол ҳамон сафарашон дар оғози тирамоҳи порина ба ёдаш биояд, ки ҳамаашон, ҳар ду оила якҷоя бо бачаҳо ба қатори боркаш савор шуда, барои харбузаву тарбуз ба Кумбел рафта буданд ва ҳама хушҳолу хушбахт буданд ва он саёҳат дар хотири бачаҳо низ чун иди фаромӯшнашудана мондааст. Гӯё дирӯзак буд он сайру саёҳат. Едигей ва Абӯтолиб дар назди дари кушоди вагон, дар дами боди вазон нишаста, аз инӯ он сӯҳбат мекарданд, дар пешашон бачаҳо менишастанду аз ҷоҳое

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё