Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дод Укубала, — дар чунин рӯз Зарифаро ба он ҷо танҳо фиристодан мумкин не. Онҳо дар ин ҷо на хешу табор доранд, на ягон шахси наздик. Дар мусибат танҳо будан бисёр даҳшатангез аст. Ту, Едигей, ҳамроҳаш бирав, дар чунин соат дар паҳлюяш бош. Кӣ медонад, он хабарро шунавад, чӣ холе ба сараш меояд. Бигӯ ки дар истгоҳ кор дорӣ. Ҳамроҳаш бирав. Бачаҳо дар хонаи мо мемонанд.

— Майлаш, — розӣ шуд Едигей ба далелҳои занаш. — Фардо ба Абилов мегӯям, ки Зарифаро ба касалхонаи истгоҳ бурдан лозим. Ягон қатори роҳгузарро як дақиқа нигоҳ дорад.

Ба ҳамин қарор омаданд. Аммо фақат пас аз ду рӯзи дигар қаторе бо илтимоси сардори дуроҳа дар Бӯронӣ қарор гирифту савор шуда, ба Қумбел рафтан онҳоро муяссар гардид. 5 март буд он рӯз ва дар хотири Едигей Бӯронӣ ба як умр нишаст.

Ба вагони умумӣ савор шуданд. Вай аз ҳар тоифа мардум пуропур буд. Хонаводаҳо, бачаву качаҳошонка-тӣ мерафтанд. Ба ҳар су бингарӣ, аломатҳои зисти мусофиронаро медидӣ: чанде шароб менӯшад, гурӯҳе ба-худа-бехуда ин сӯву он сӯ мегардад, дастае то ба ҳадди беҷо шудани авзоашон қартабозӣ мекунад; занҳо бо овози паст ба ҳамдигар аз мушкилоти рӯзгор, бадмас-тиҳои мардон, аз никоҳу талоқ, тӯю ҷаноза дарду ҳас-рат мекунанд... Одамон ба роҳҳои дур мерафтанд ва ҳар он чиро ки хоси зиндагонии ҳаррӯзаашон аст, ҳам-роҳи худ мебурданд. Зарифа ва Едигей Бӯронӣ низ бо ғаму ғуссаи худ ба муддати кӯтоҳе ба онон ҳамсафар гардиданд.

Аҳволи Зарифа, албатта, вазнин буд. Ҳамаи роҳ бо хотири мушававаш хомӯш менишаст, аз афташ, фикр мекард, ки ба сардори истгоҳ чӣ гуна мактубе омада бошад. Едигей ҳам бештар хомӯш буд.

Дар олам одамони дилсӯзу меҳрубон ҳам ҳастанд, ки бо як нигоҳ аз дили кас огоҳ мешаванд. Вақте Зарифа аз ҷои нишастааш бархосту ба даромадгоҳи вагон равон шуд, то ки муддате он ҷо дар пеши тиреза рост биистад, як пиразани рус, ки дар рӯ ба рӯи Едигей менишаст, чашмони як вақтҳо осмониранг будааш ва акнун дар пиронсолӣ рангпаридаашро лаҳзае ба ӯ дӯхта гуфт:

— Занат, писарам, нотоб аст магар?
Едигей як қад парид.

пешина
аз 293
навбатӣ