Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки унзайлинаш, вай, ҳоло номаш чӣ буд, роҳи бошарафонаи зиндагиаш ба охир расидааст.
— Ҳа, — мухтасар ҷавоб дод Едигей.
«Мур, ту ҳайвони бемағз, — аз дил гузаронид ӯ,— дар хусуси марги инсон ҳам одам барин гап зада наметавонад».
Шоймардон дақиқаке хомӯш монд. Аз микрофон садои боз ҳам баландтари хиш-хишу ғиҷиррос ва фаш-фаши нафаскашӣ баромад. Пас боз хирроси Шоймардон шунида шуд:
— Едике, акаҷон, лекин ту унзайлин накун, сари мана гаранг накун. Хайр, мурдааст, акнун чӣ илоҷ... Ман одам надорам. Ба пеши мурда рафта шиштанат чӣ лозим? Мурда гашта унзайлин, яъне ки зинда намешавад-ку, ба хаёлам...
— Ба хаёли ман, каллаи ту кор намекунад! — ба ғазаб омад Едигей. — «Сарама гаранг накун» мегӯяд-а! Ба омадани ту ду сол нашудааст, ману вай дар ин ҷо сӣ сол ҳамроҳ кор кардем. Ту каллая кор фармо. Аз миёни мо як кас вафот кардааст. Мурдаро дар хонаи хилват танҳо намемонанд, мумкин не.
— Вай аз куҷо медонад, ки унзайлин аст, яъне ки танҳо аст ё не?
— Вай надонад, мо медонем!
— Хайр, мӯйсафед, дӯғ назан, унзайлин, магал накун!
— Ман ба ту фаҳмонда истодаам.
— Хайр, охир, чӣ мехоҳӣ? Ман одам надорам. Ба он ҷо рафта, чӣ кор мекунӣ, аз ду сар, шаб торик, ҳеҷ кас нест.
— Ибодат мекунам. Расму оина адо мекунам. Дуо мехонам.
— Дуо мехонӣ? Ту, Едигеи Бӯронӣ, дуо мехонӣ?
— Ҳа, ман. Ман дуоҳоя медонам.
— Ана халос. Ҳокимияти советӣ унзайлин, шастсола шудаасту...
— Гапа дароз накун, Ҳокимияти советӣ ба ин ҷо чӣ дахл дорад! Аз замони қадим як одам мурад, дигарҳо ба арвоҳаш фотиҳа мехонанд. Инсон мурдааст, фаҳмидӣ, ҳайвон не!
— Хайр, фотиҳа хон, фақат унзайлин накун, дӯғ назан. Ба Одилбои Дароз одам мефиристам. Розӣ шавад, меояд, ба ҷон ту унзайлин, навбатдорӣ мекунад... Ҳозир

пешина
аз 293
навбатӣ