Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шавад, Қазонқоп ба суханҳояш аҳамият намедод, гӯё ба ӯ дахл надошта бошад. Фақат худ ба худ заҳрханда мекард, гӯё дар дилаш гапе дошта бошад, ки ақли онҳо намемерасад. Аммо Едигей тоб оварда наметавонист, оташин мешуд, мешӯрид, баҳс карда, дили худашро худаш хун мекард.

Лекин Едигею Қазонқоп байни худ дар ҳар хусус сӯҳбатҳо мекарданд. Ҳам дар бораи он корҳое ки ин зотҳои роҳгузари савори вагонҳои назорату таъмир масхара мекарданд, ҳам дар хусуси бисёр дигар масъалаҳо. Аз солҳои пеш бо ҳам дарди дил изҳор мекарданд, ба қадре ки фаҳмашон мерасид, дар бораи зисту зиндагонӣ андешаҳои худро ба ҳамдигар мегуфтанд. Он вақтҳо ин маҳмадоноҳо ҳанӯз кӯдак буданд, мавизро кака мегуфтанд. Ҳа, онҳо бисёр солҳо инҷониб — аз худи соли чилу панҷум то ба нафақа баромадани Қазонқоп роздони ҳамдигар буданд. Воқеан, Қазонқоп ба нафақа баромаду кораш барор нагирифт: акнун дар хонаи писарам зиндагонӣ мекунам, гуфта ба шаҳр рафту баъди се моҳ баргашт. Ана ҳамон вақт онҳо дар хусуси пасту баландиҳои олам сӯҳбати дурударозе доштанд. Марди хирадманде буд Қазонқоп. Дар хотири Едигей бисёр чизҳо мондааст. ...Ва Едигей банохост возеҳу равшан дарк намуд, ки акнун аз дӯсташ фақат хотирае боқӣ мондааст ва дилаш аз хуруҷи дарду ҳасрат лабрез шуд...

Ӯ ба кулба ворид шуд, аппарати овоз шириқ-шириқ садо бароварду микрофон ба кор даромад. Аз даруни ин асбоби фалакзада аввал садои тундбод барин ғур-ғуру фиш-фиш паҳн шуду сонӣ овози одам баромад:

— Едике, алё, Едике, — хиррос мезад Шоймардон, диспетчери навбатдори дуроҳа, — овозамро мешунавӣ? Гап зан!

— Ҳа, мешунавам!

— Ту овозамро мешунавӣ?

— Ҳа, ҳа шунида истодаам!

— Овозам чӣ хел шунида мешавад?

— Аз он дунё гап задагӣ барин!

— Барои чӣ аз он дунё?

— Надонам.

— А-а... Яъне муйсафеди Қазонқоп унзайлин шудааст-дия!

— Чиззайлин?

— Яъне ки мурдааст. — Шоймардон зӯр мезад, ки суханҳои ба маврид муносиб дарёбад. — Чӣ гӯям? Яъне

пешина
аз 293
навбатӣ