Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам, онро бидуни ҳавсала мекунанд ва рӯзгорашон аз хобу хӯроку сайру тамошо иборат аст.

Одамони ниҳодашон заҳматӣ, гӯё ба ҳам бародар бошанд, якдигарро мешиносанд, дили ҳамдигарро медонанд ва рафту агар надонанд ҳам, дар ин хусус тааммуле доранд. Айёми мо барои фикру андешаи онҳо он қадар замина фароҳам овардааст, ки ҳеҷ кадом айём барои касе ин гуна замина надода буд. Риштаи тахайюлоту андешаҳои инсон ҳоло Заминро ба кайҳон пайванд додааст.

Эҳтимол, мусибатомезтарин тазоди охири асри XX дар он бошад, ки заковати бани одам ҳадду ҳудуд надорад, аммо вуҷуди монеаҳои сиёсӣ, идеологӣ ва нажодӣ, ки империализм ба майдон овардааст, барои ҷомаи амал пӯшонидани он имкон намедиҳад.

Дар шароити кунунӣ, ки на фақат барои мустақар шудан дар кайҳон имкониятҳои техникӣ пайдо мешаванд, балки эҳтиёҷоти иқтисодӣ ва экологии башарият амалӣ гардидани ин имконотро баисрор талаб мекунад, дар чунин шароит байни халқҳо оташи низоъ барафрӯхтан ва захираҳои моддию неруи хиради инсонро ба ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳа талаф додан аз мудҳиштарин ҷиноятҳои алайҳи башар аст.

Имрӯз фақат коҳиши шиддати байналхалқиро сиёсати тараққипарварона метавон номид. Масъулиятноктар аз ин вазифае нест дар олам.

Агар инсоният дар сулҳу осоиш зистанро наомӯзад, ҳатман нобуд мешавад. Муҳити бадгумонӣ, ҳоли «хушёр бош» ва ба ҳам муқобил истодан аз пурхавфтарин таҳдидҳост ба зиндагонии орому босводати бани башар.

Одамон метавонанд бо ҳамдигар муросо кунанд, аммо ҳамагӣ ба як равишу як қолаб фикр карда наметавонанд, ба шарте ки сифатҳои одамиашонро аз даст додан нахоҳанд, ба шарте ки чун одам боқӣ монданро авло шуморанд. Орзӯи аз сифатҳои хусусии маҳрум сохтани инсон аз замони қадим то ба рӯзҳои мо муроди онҳое буд, ки даъвоҳои ҷаҳондорӣ, ҳукмронӣ ва фармонфармоӣ доштанд.

Инсоне ки аз ёди гузаштаҳо маҳрум аст, одаме ки водор аст мавқеи хештанро дар олам ҷустуҷӯ кунад, шахсе ки аз таҷрибаи таърихии халқи худ ва халқҳои дигар бебаҳра аст, аз идроку эҳсоси рӯзгори оянда низ бенасиб мемонад ва аз ҳамин рӯзу ҳамин соати худ дуртарро дида наметавонад.

пешина
аз 293
навбатӣ