Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ва аз қарн ҳам тӯлонитар буд он рӯз.
Аз муаллиф
Одами заҳматкашро дар урфият одами шоиста медонанд.
Ба ин маъно Едигей Чонгелдин (ба қавли шиносонаш, Едигейи Бӯронӣ) заҳматкаши асл аст. Аз ҷумлаи касонест, ки пуштибони заминанд. Вай, ба назарам, бо замони худ дар робитаи қавист, фарзанди замони худ аст ва бунёди ӯ маҳз дар ҳамин аст.
Аз ин сабаб ҳангоме ки ба масъалаҳои дар роман аксёфта муроҷиат мекардам, мехостам ба рӯйдодҳои зиндагонӣ аз дидгоҳи сарнавишти ӯ, тақдири марди ҷанговар, коргари роҳи оҳан бингарам. Ва ба қадри тавонам дар ин роҳ кӯшидам. Симои Едигейи Бӯронӣ гувоҳи муносибати ман аст ба усули реализми социалистӣ, ки мавриди аслӣ тадқиқоташ ҳамеша инсони заҳматкаш буд ва ҳаст.
Вале ман шахси заҳматкаш инсони оддӣ ва табиист, бо кишти замин ё парвои чорво машғул аст, гуфта, мафҳуми «заҳматкаш»-ро ҳаргиз ба маънои мутлақ намебинам. Инсони заҳматкаш дар зимни бархӯрди рӯйдодҳои абадӣ ва даргузари зиндагонӣ ба чӣ андоза чун шахс такомул ёфта бошад, олами маънавии вай ба кадом поя расида бошад, дар шахси вай замонааш ба кадом дараҷа таҷАССУМ ёфта бошад, худаш низ ба ҳамон поя ҷолиб асту ба ҳамон мартаба вазн дорад. Ин аст, ки ман кӯшидаам то Едигейи Бӯрониро дар маркази дунёи муосир қарор диҳам, дар маркази масъалаҳое бигзорам, ки маро ба изтироб овардаанд.
Едигейи Бӯронӣ на фақат аз рӯи табиат ва касбу кораш заҳматкаш аст. Зотан ҷону равони вай заҳматист. Сари ин тоифа одамон ҳамеша банди муаммоҳост. Дигарон бошанд, ба ин қабил муаммоҳо доимо ҷавоби тайёр доранд ва аз ин сабаб кореро ба хубӣ анҷом диханд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё