Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хона даромад ва аз остона дур нарафта, дарро аз пасаш пӯшид.
— Ту ин бечораҳоро барои чӣ ятим кардӣ? — гуфт ӯ дар ҳоле ки саъй дошт худро ба даст бигирад.
Абилов гурсӣ ба зону биафтод ва чорпоя хазида, ба домани пӯстини нимтанаи Едигей даст ёзонид.
— Худо занад, Едике, ман не! Мана, худат медонӣ, занам дуҷон аст, ба сари фарзанди таваллуднашудаам қасам мехӯрам! — савганд ёд кард ӯ ба тарафи зани ҳомилаи аз тарс шах шуда мондааш рӯй гардонида ва саросемаву телба шуда, ба гап даромад: — Худо занад, Едике, ман не! Нахоҳ аз ман гумонбар шавӣ-а? Ин кори ҳамон муфаттиш! Ба ёдат биор. Фақат пурсуков мекард, ки вай чӣ менависаду барои чӣ менависад. Ин кори ҳамон муфаттиш. Нахоҳ аз ман шубҳа кунӣ! Рӯи фарзанда набинам-а! Он ҷо, дар пеши қатор чӣ кор карданама намедонистам, замин накафид, ки дароям! Ҳамон муфаттиш гаштаву баргашта савол медод, ба дилам даст меандохт, ҳама чиза пурсида гирифт. Ман, охир, аз куҷо донам... Агар медонистам, ки...
— Хайр, бас, — сухани ӯро бурид Едигей. — Бихез, одам барин дурусттар гапзанон кунем. Мана занат ҳам дар пешат. Илоҳо сиҳат-саломат чашмаш равшан шавад. Ҳозир гап дар ин хусус не. Фарз кардем, ки ту гуноҳ надорӣ. Дар куҷо зиндагонӣ кардан барои ту фарқ надорад. Мо бошем, эҳтимол, то охири умрамон ин ҷо бимонем. Ту як андеша карда бин. Вақту соаташ кати ба ягон кори дигар бигузарӣ, шояд барои худ беҳтар шавад. Маслиҳати ман ҳамин. Тамом. Дигар ба ин масъала барнамегардем. Ҳамин қадар гап доштам ба ту...
Едигей аз хонаи Абилов баромада, дарашро пӯшонид.

IX

Дар Уқёнуси Ором, дар самти ҷануби ҷазираҳои Алеут рӯз аз пешин гузашта буд. Ин ҷо ҳамчунон нимтӯфоне ҳукмфармоӣ мекарду аз уфуқ то уфуқ, сар то сари масоҳати беканоре ки чашм мерасид, мавҷҳо ба мисли пуштаҳои пуркафки ҷӯшон дунболи ҳамдигар медавиданд ва тавонони олами ҳамеша мутаҳаррики обро намоиш медоданд. Қиштии ҳавопаймобари «Конвенция»

пешина
аз 293
навбатӣ