Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Тӯшаи роҳ, ба вай диҳед — гуфт ӯ ва гиреҳакро ба даруни вагон партофт.
Дари вагонро бастанд. Атроф хомӯш шуд. Паровоз бук заду ба ҳаракат даромад. Дар ҳавои сард чархҳо ғичиррос мезаданд ва суръати даврзаниашон тадриҷан меафзуд.
Бӯрониҳо ғайриихтиёр аз дунболи қатор, аз паҳлӯи вагони дарбаста қадам мезаданд. Пештар аз ҳама хуши Укубала ба ҷояш омад. Вай аз бозуи Зарифа дошту ба канораш кашид ва дигар раҳо накард.
— Даул, нарав! Биист, писарам, ҳамин ҷо биист! Аз дасти модарат биқап! — бо овози баланд мегуфт ӯ, зеро мехост овозаш аз гумбуроси чархҳои торафт тезтар даванда баландтар барояд.
Едигей Эрмек дар бағал боз масофае аз паҳлӯи қатор тозон рафт ва фақат баъди он ки вагони охирин аз пешаш гузашт, аз роҳ бозистод. Қатор дур бирафт, садои чархҳо ва охирин нури чароғҳояш низ хомӯш гардиданд. Танҳо боз як буқи тӯлонии паровоз аз дуродур ба гӯшҳо расид...
Едигей пас гашт. Муддати мадиде кӯдаки гирёнро ором карда наметавонист...
Нимишабӣ дар хона назди печка нимбехушу нимкарахт менишаст. Баногоҳ Абилов ба ёдаш расид. Оҳиста аз ҷой бархосту ба либоспӯшӣ даромад. Укубала аз нияташ пай бурд.
— Ҳа, ба куҷо? — аз дасти шавҳараш маҳкам капид.— Даст нарасон ба вай, ҳа, ҳатто якто ангуштатро ба вай намерасонӣ! Занаш дуҷон, фаҳмидӣ? Ғайр аз ин ҳақ ҳам надорӣ. Чӣ хел исбот мекунӣ?
— Ташвиш накаш,— оромона ҷавоб дод Едигей.— Даст намерасонам, лекин вай бояд бидонад, ки ба ягон ҷои дигар кӯчида равад, ба худаш беҳтар мешавад. Ба ту қавл медиҳам, як тора мӯяш кам намешавад. Бовар кун! — гуфт ва дасти худро вораҳонида аз хона баромад.
Дар хонаи Абилов чароғ фурӯзон буд. Пас, ҳанӯз бедоранд.
Едигей барфи пайраҳаро ғирч-ғирч зер карда, ба дари хона наздик шуд ва онро так-так зад. Дарро Абилов боз кард.
— Ҳа, Едике, биё, биё,— бо овози ҳаросон гуфт ӯ ва ранги рӯяш парида, худро ба қафо кашид.
Едигей дар иҳотаи абри сафеди бухор хомӯш ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё