Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Едигей ғайриихтиёр зеҳн мемонд, ки Зарифа чӣ гуна зани соҳибҷамоле будааст. Борон гесувони ӯро ба рӯй ва китфу гарданаш парешон карда буд. Об аз фарқи сар то ба нӯки пояш шорида, пайкари маҳкаму тару тозаи ӯро мешуст ва тарҳи гардан, дасту бозу, нақши миён ва банди поҳои бараҳнаашро аёнтар месохт. Чашмонаш аз завқу суруру ҳарорат шарора мепошиданд. Ҳатто дандонҳои марворидвор сафедаш гӯё аз саодатмандӣ медурахшиданд.

Аз бороне ки аҳён-аҳён меборад, барои дашти Сари Озек чандон суде нест. Барф борад, тадриҷан об шуда, то мағз-мағзи замин тар мекунад. Борон бошад, чун қатраи симоб дар кафи даст, дарҳол ба сою селгоҳҳо давида меравад. Шарросзанон мерезаду шуввосзанон мегурезад.

Дар бадали он чанд дақиқае ки борони сел мезад, селобаҳо ва ҷӯйборҳои тезобу пуркафке пайдо шуданд. Ва бӯрониён дар ҷараёни ин обҳо ба ҷасту хезу даводав даромаданд. Тосу лагану тагораҳоро оварда, ба рӯи об сар медоданд. Бачаҳои калонсолтар — Даул ва Саула ҳатто ба тосу тагораҳо савор шуда, дар рӯи селобаҳо сайр мекарданд. Баъдтар хурдсолонро низ ба тагораҳо савор кардан лозим омад...

Борон ҳамчунон меборид. Бо сайру бозии бачаҳо саргарм шуда, чӣ тавр ба роҳи оҳан, ба он ҷое ки дуроҳа оғоз меёфт, наздик омаданашонро нафаҳмида монданд. Дар ин асно аз дуроҳа Бӯронӣ қатори мусофиркаше мегузашт. Мусофирон тани худро аз тиреза ва дарҳои калон кушода то миёна берун бароварда, ба бӯрониён, ба ин сокинони аҷибу ғариби биёбон бо ҳайрат менигаристанд. «Ҳой, ҳушёр бошед, ки ғарқ нашавед!» — ба ҳамин мазмун чиҳое гуфта фарёд мезаданд, механдиданд, ҳуштак мекашиданд. Зоҳиран, афту андоми бӯрониҳо дар воқеъ ғалатӣ буд. Эҳтимол, саворони он қатор, ки аз қабати борон гузашту рафт, пас аз як рӯз ё ду рӯз ба манзил расида, аз тамошои насибашон гардида ба хешу таборон нақл кунанд ва онҳоро низ хандонанд.

Едигей худ ба худ ҳамин тавр фикр мекард. Аммо агар ӯ гиряи Зарифаро намедид, чунин фикр ҳатто ба гӯшаи хаёлаш намеомад. Вақте ки борони сел меборад ва аз сару рӯи одам об мешорад, гиристани касро пайхас рафтан амри муҳол аст. Лекин Зарифа ба ҳар ҳол мегирист. Вай чунон вонамуд мекард, ки механдаду беандоза

пешина
аз 293
навбатӣ