Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
мегирад? Ногоҳ дасти модарро аз китфаш дур андохту уштури савори пурборашро аз дунболаш етаккунон ба канори дигари гала равон шуд, то бубинад, ки мабодо чорпоёни ҷавони шӯх саргарми бозӣ дур рафта бошанд.
Найман-Она дар ҷои худ монд, баъд диққат нишаста, фик-фик гирист ва рӯ бо дастони худ пӯшида, ҳамчунон сар набардошта нишаст. Сипас худро ба даст гирифта, ба сӯи писар равон шуд. Ӯ мекӯшид худро ором вонамуд кунад. Аммо писари манкурташ гӯё воқеае рух надода бошад, аз зери телпаки сахт зер карда ба сар пӯшидааш ба ӯ нигоҳи беэътино ва бемаъное дӯхт ва дар чеҳраи лоғару наҳиф ва аз боду офтоб сип-сиёҳ сӯхтаи вай чизе ба монанди лабханди сабуке соя афканд. Вале нигоҳи чашмонаш ҳамчунон лоқайдона буд, дар он аз майл ё рағбате ба ягон чиз, ягон кас ё ягон рӯйдоди олам заррае асар набуд.
— Бинишин, чорто гапзанон кунем, — оҳи гароне кашида гуфт Найман-Она.
Онҳо рӯи замин нишастанд.
— Маро шинохтӣ? — пурсид модар.
Манкурт ба аломати инкор сар ҷунбонид.
— Номат чист?
— Манкурт, — ҷавоб дод вай.
— Ин номро ба ту акнун додаанд. Номи пештараат дар ёдат ҳаст? Номи худатро ба ёд биёр.
Манкурт хомӯш менишаст. Модар медид, ӯ кӯшише дорад, ки ба хотир биоварад, аз шиддати фикр дар кашраки биниаш чанд қатра арақ дамид ва рӯи чашмонашро гӯё тумани ларзоне фаро гирифт. Аммо, яқин дар пеши ӯ садди устуворе пайдо шуд ва ӯ наметавонист он монеаро бартараф кунад.
— Номи падарат чӣ буд? Худат кистӣ, аз кадом қавм мешавӣ? Лоақал ҷои таваллуд шудаатро медонӣ?
Не, ӯ чизе намедонист, чизе дар ёд надошт.
— Туро ба чӣ ҳоле расондаанд онҳо! — пичирросзанон гуфт модар ва боз лабонаш ғайри ихтиёри ӯ пир-пир мепариданд ва ӯ худро нигоҳ дошта натавониста, аз дарду алам, ғазаб ва андӯҳ ба гирья даромад. Аз ғаму ғуссаи модар манкуртро парвое набуд.
— Замини одамонро забт мекунанд, сарваташонро кашида мегиранд, ҳатто аз ҷони ширинашон маҳрум мекунанд, — бо овози шунаво гуфт модар, — лекин аз ҳушу аз ёд ҷудо кардани касро ки фикр карда баровардааст, чӣ тавр ҷуръат кардааст? Худовандо, агар ту вуҷуд дорӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё