Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хористон гашта, озодона мечариданд. Найман-Она Оқ-мояи худро башиддат маҳмуз зада, бо суръат ба пеш тозонид. Дастнаввал бисёру хушҳол шуд, ки галаро, ниҳоят, пайдо намуд, аз шодмонӣ ҳатто нафасаш гирифт. Баъд банохост тарсид, ба танаш ларза афтод, сахт тарс-ид, ки худи ҳозир писарашро, писари манкурт шуда-ашро хоҳад дид. Сипас боз хушҳол шуд ва дигар сар-фаҳм рафта натавонист, ки ба чӣ ҳоле афтодааст.

Мана он гала, дар чаро аст. Лекин ку галабонаш? Бояд дар ҳамин қарибиҳо бошад. Ва дар канори дигари қитъа галабонро бидид. Аз дур маълум набуд, ки ӯ чӣ касест. Асои дарозе дар даст рост меистод, нӯки таноби уштури пурбори савориашро, ки дар пасаш мечарид, дар дасти дигар нигоҳ медошт. Галабон аз зери телпа-ки ба сар зер карда пӯшидааш наздик омадани ӯро оромона назора мекард.

Найман-Она наздик бирасид, писари худро бишинохт ва дигар дар ёд надошт, ки аз болои уштураш чӣ гуна ба замин фаромад. Аранг-аранг ба хотираш мерасид, ки аз болои уштур ғелон барафтод, аммо ба ҳоли худ ӯро дигар коре набуд.

— Писарам, ҷони ширинам! Ман туро дар ҳама ҷо мекофтам! — гуфт модар ва бо душворӣ худро ба ка-нори писар андохт, гӯё дар миёни онҳо ҷангали анбӯҳе пайдо шуда бошад.— Модари туам ман!

Ва дарҳол вазъиятро дарк намуд ва пойкӯбон ба гирья даромад, лабудаҳони аз изтироб ларзони худро ғайриихтиёр қачу килеб намуда, талху сӯзон бигирист. Мегиристу дар айни замон мекӯшид, то худро ба даст бигирад, аммо наметавонист. Аз бозуи писар бепарво сахт бигирифт, то аз пой наафтад. Ӯ мегиристу мегирист, аз шиддати мусибат мегирист, мусибате ки кайҳо ба сараш омада буду инак, бо тамоми тавоноию гарониаш ба ӯ ҳамла оварда, пахш ва зеру забараш карда буд. Мегиристу аз паси пардаи ашк, тораҳои мӯи сафеди тар ва ба рӯяш часпида, аз паси ангуштони ларзонаш, ки чангу хоки роҳро ба рухсораш мемолиданд, ба тарҳи шиноси чеҳраи писар менигарист ва мекӯшид, ки нигоҳаш бар нигоҳи чашмони вай бипечад ва ҳанӯз умеде дошт, ки вай ӯро хоҳад шинохт. Охир бишнохтани модари зода кори мушкил нест-ку!

Вале пайдоиши модар ба вай заррае таъсир накард, гӯё ӯ ҳамеша ин ҷо бошад, гӯё ҳар рӯз ба аёдаташ меомада бошад. Вай ҳатто напурсид, ки ӯ кист ва чаро

пешина
аз 293
навбатӣ