Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Касеро дар дашти Сари Озек ҷуста ёфтан, албатта, кори саҳл нест. Вай дар ин масоҳати бепоён мисли як дона регест дар хирмани азим. Лекин агар ӯ саробони галаи калоне бошад, он гала дар чарогоҳ ҳатман ба масоҳати зиёде парешон мешавад ва дер ё зуд ягон ҷонвареро дар канори гала мебинӣ, пас дигаронашро, ва ниҳоят худи галабонро ҳам дарёб мекунӣ. Дар қалби Найман-Она маҳз ана ҳамин умед шӯъла мезад.
Аммо то ҳол чизе ба назараш нарасида буд ва ӯ бо ҳарос аз дил гузаронид, ки мабодо галаро ба ҷои дигар ронда бошанд? Мабодо жуань-жуанҳо ҳамаи уштуронашонро барои фурӯш ба бозорҳои Хива у Бухоро бурда бошанд? Он галабон оё аз чунин роҳи дур метавонад зинда баргардад?.. Лаҳзаи ки модар аз шиддати андӯҳ ва шиканҷаи шубҳаву пиндорҳо азият кашида, овули худро падруд мегуфт, дар замири қалб фақат як орзуе дошт, ки писари худро зинда бубинад, бигузор, ки вай манкӯрт ё маҳлуки дигар шуда бошад, бигузор, ки чизеро дар ёд надошта бошад, чизеро сарфаҳм наравад, аммо маҳз писари вай бошад, зинда бошад, фақат зинда бошад... Магар ин кам аст!
Вале ба қадри наздик шудан ба дашти Сари Озек, ба маҳалле ки, ба қавли бозургонони роҳгузар, галабон он ҷо будааст, дар вуҷудаш биме пайдо мешуд, ки мабодо дар шакли писар маҳлуки хирасареро бубинад. Ва онгоҳ тарсу ҳарос дар вуҷудаш раҳша меафканд. Ва ӯ ба худованд илтиҷо мебурд, ки он галабон каси дигаре бошад, ягон фалакзадаи ношиносе бошад, писари ӯ набушод. Ва дар ин асно ӯ бечуну чаро розӣ буд тан диҳад, ки писараш дар қайди ҳаёт нест ва берун аз ҳадди имкон аст, ки дар қайди зиндагӣ бошад. Ва ӯ фақат бо чунин нияте ба сафар баромадааст, ки ба афту андоми манкӯрт як назар бингарад ва бовар кунад, ки тахмину гумонҳояш ботил буданд ва пас аз ин ба роҳи омадааш баргардад ва дигар ранҷу азоб накашад ва чунон ки дар сарнавишташ будааст, боқимондаи умрашро ба осудагӣ бигзаронад...
Вале галаёни ҳузн боз боло мегирифт ва модар мехост, ки дар дашти Сари Озек шахси дигарро не, балки, ҳар чӣ бодо бод, маҳз писари худро дарёбад...
Ӯ дар банди ҳамин гуна эҳсосоти мухталиф буд ва ба сари теппае расид ва галаи бузурги уштуронро дид, ки дар ҳамвории фарохе баҳузур дар чаро буданд. Уштурони фарбеҳтани бӯрранг миёни буттазори паст ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё