Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

1-2 ва 2-1, ки аз Олами афлокии Офтоб берун рафтаанд, оид ба мӯҳлат ва имконияти бозгашти онон ба қароргоҳи мадорӣ ҳеҷ гуна радиоалоқае барқарор накунанд ва ба фармоиши минбаъдаи Мармутидор мунтазир бошанд.

Дар уқёнус нимтӯфоне ҳукмфармо буд. Киштии ҳавопаймобар дар рӯи мавҷҳо алвонҷ мехӯрд. Оби уқёнус ба дунболи киштии азим бо шаст расида, қафкҳои сафедашро ба ҳар тараф пош медод. Бар фазои беканори баҳри пуртуғьён офтоб шаъшаапошӣ мекард. Бод ба як мароми мунтазам мевазид.

Ҳамаи қитъаҳои киштии ҳавопаймобари «Конвенция», аз ҷумла қитъаи ҳавопаймоҳо ва дастаи амнияти манофеи давлатӣ дар ҳолати ҳозиру нозир, дар вазъи «омода бош!» буданд...

Чандин рӯз шуд, ки сафедуштури Оқмоя ба оҳанги якнавохт ва нолишомезе садо дода ва қафкҳои пояшро рӯи хоку рег шалаппосзанон дар сою кӯтал ва ҳамвориҳои дашти бузурги Сари Озек лӯккакунон роҳ мепаймуд. Ва соҳибааш онро ҳамчунон маҳмез мезаду дар хоки сӯзони дашти бегиёҳ шитоб мекунонид. Фақат шабона дар сари ягон чоҳе ки аҳён-аҳён дучор меомад, дам мегирифтанд. Саҳарӣ боз ба ҷустуҷӯи галаи бузурги уштурон мебаромаданд, ки дар оғӯши нопайдоканори Сари Озек ноаён гаштааст. Бозургонони роҳгузар ҳамон манкурти галабонро, ки ҳоло Найман-Она кофтуковаш дошт, маҳз дар ана ҳамин қитъаи Миёнадаштҳо, дар қарибии Чари сурхреги Маллакумдичап дидаанд, ки ба фарсахҳо тӯл кашидааст. Рӯзи дуввум буд, ки Найман-Она аз мулоқот бо жуань-жуанҳо дар ҳарос дар атрофи Маллакумдичап уштур меронд, вале ҳар қадар роҳ напаймояд, ҳар қадар ба дуродур чашм надӯзад, ба ҷуз дашти бекарону саробҳои назарфиреб дигар чизеро намедид. Рӯзе ӯ фирефтаи сароб гардида, то ба шаҳри азиме, ки дар пеши чашмонаш ҷилвагар шуду манораву деворҳои масҷиду қалъаҳояшро барало медид, роҳи дарози пурмашаққатеро тай намуд. Шояд, мегуфт ӯ дар дилаш, писари ӯ он ҷосту ба бозори ғуломон андохтаандаш? Ва онгоҳ ӯ писарро бар болои Оқмоя дар паси худ савор мекарду мегурехт! Ку он ҷонваре ки ба Оқмояи бодпо расида тавонад?..

Фиреби назар аз машаққатҳои биёбон сар мезад.

пешина
аз 293
навбатӣ