Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

чаро ба одамон чунин амреро талқин кардаӣ? Магар бе ин дар рӯи замин зулму тааддӣ кам буд?

Ва он гоҳ модар ба писари манқурташ нигоҳ карда, навҳаи машҳури худро оид ба офтоб, худованд ва доир ба худаш ба забон овард. Ҳамон навҳаеро ки чун сухан аз қиссаи Сари Озек сар шуд, огоҳдилон такрор мехонанд...

Ва сипас фиғони худро оғоз намуд, ки пирони огоҳ онро имрӯзҳо низ ба хотир меоранд:

— Мен ботасы ӯлген боз мая,
Тулыбын келип искеген...1

Ва навҳаю фиғони пурҳашрати модари зор боз дергоҳе сукунати дашти бекарони Сари Озекро халалдор менамуд...

Аммо писари манқурти ӯро ҳеҷ гуна гиряе, ҳеҷ гуна сухане асар надошт.

Ва он гоҳ Найман-Она қарор дод на бо пурсуқов, балки бо талқину таълим кӣ будани писарашро ба худаш фаҳмонад.

— Номи ту Жоламан. Фаҳмидӣ? Жоламан — ин исми туст. Номи падарат Доненбой буд. Магар падаратро дар ёд надорӣ? Вай аз кӯдакӣнат тирандозиро машқ медод. Ман бошам, модари туам. Ва ту писари ман ҳастӣ. Ту аз қавми найманҳоӣ, фаҳмидӣ? Ту найманӣ.

Ҳамаи ин суханҳоро вай бидуни ягон зарра мароқ гӯш кард, гӯё ин гапҳо ба касе ё чизе дахл надошта бошанд. Эҳтимол, вай ба чир-чири малахҳо ба ҳамин тариқа гӯш медода бошад.

Ва он гоҳ Найман-Она ба писари манқурташ савол дод:

— Пеш аз он ки ба ин ҷо биоӣ, чиҳо дида будӣ?
— Ҳеҷ чиз, — гуфт ӯ.
— Шаб буд ё рӯз?
— Ҳеҷ чиз набуд, — гуфт ӯ.
— Бо кӣ мехоҳӣ гапзанон бикунӣ?
— Бо моҳ. Лекин мо гапи ҳамдигарро намешунавем. Он ҷо касе нишастааст.
— Дилат боз ягон чиз мехоҳад?
— Мехоҳам мисли хоҷа кокул дошта бошам.
— Биё, бубинам, ки онҳо бо сари ту чӣ коре кардаанд, — гуфт Найман-Она ва даст ёзонид.

1 Ман уштури беборам ва омадаам, ки аз пӯсти кох ҷой кардаи бӯтаам бӯе бишамам.

пешина
аз 293
навбатӣ