Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

қеан рамузфаҳм бошад, аз кардаҳои худ сад пушаймон шавад. Ва онҳоҳ дар дили модар дигар шубҳае намемонд ва ӯ бо хотири ҷамъ ба истиқболи ачал омода мегардид ва ҳатто бар гӯшаи хаёл ҳам намеовард, ки умраш як-ду рӯзи дигар дарозтар бошад ва ҳар даме ки ачал бирасад, бо майли тамом пешвозаш мегирифт. Аммо ҷасади писарро пайдо накарданд, аспаш ҳам барнагашт. Дили модарро ҳамчунон шубҳа шиканҷа медод, ҳарчанд ки ҳамқавмон он воқеаро тадриҷан аз ёд мебурданд. Дардеву аламе нест, ки рафта-рафта фаромӯш нашавад... Фақат дили модар таскин намеёфт, танҳо алами ӯ кӯҳна намешуд. Фикру хаёли ӯ гаштаву баргашта ба сари ҳамон муаммо меомад: аспаш чӣ шуда бошад, зину лаҷому шамшеру сипари ӯро кӣ гирифта бошад? Кош нишонае ёфт мешуду маълум мегардид, ки ба сари писар чӣ рӯзе расидааст. Охир, аз эҳтимол дур нест, ки аспи ӯро баъди хаставу кӯфта шуданаш дар биёбони Сари Озек жуань-жуанҳо дастгир карда бошанд. Аспи нағз бо анҷому афзораш магар ғанимат нест? Пас онҳо писари пой дар рикоб банди ӯро чӣ кор карда бошанд? Оё дар гӯшае гӯраш карданд ё ба коми гургу шаголон афканданд? Рафту вай зинда бошад, мӯъҷизае шуда, зинда монда бошад? Ҳарифон ӯро кушта, ҷонашро аз азоб раҳонида бошанд, ё дар саҳрои кушод ба ҳоли тоқатшиканаш гузошта бошанд? Ё худ рафту ӯро...

Гумону пиндоштҳоро интиҳо набуд. Бозургонони роҳгузар дар сари дастурхон аз манқурти ҷавони дар дашти Сари Озек дидаашон гап кушоданду ба роҳи худ бирафтанд. Гумон надоштанд, ки бо ин кори худ ба ҷароҳати дили Найман-Она нохун мезананд. Дили модар аз иштибоҳи тоза ба изтироб афтод. Ақидае ки ҳамон манқурти ҷавон эҳтимол писари гумноми ӯ бошад, ақлу эҳсосоти ӯро торафт бештар, амиқтар ва муттасил тасхир менамуд. Модар фаҳмид, то даме ки он манқуртро ёфта, бо чашми худ набинад, то бовар накунад, ки вай писари ӯ нест, дилаш таскин нахоҳад ёфт...

Дар он кӯҳдоманҳо, дар бошишгоҳҳои тобистонии найманҳо наҳракони майда-майдаи кӯҳӣ ҷорӣ буданд. Найман-Она шаб то саҳар ба шарфаи оби наҳр гӯш медод. Суруди шӯҳи об ба дили ғамзадаи ӯ чӣ лозим буд? Вай тасаллои хотир меҷуст. Қабл аз он ки худро ба канори пурсукунати Сари Озек биандозад, мехост аз садоҳои гӯшнавози оби кӯҳсорон серӣ бишнавад. Ӯ медонист,

пешина
аз 293
навбатӣ