Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ки ба танҳоӣ сар ба биёбони бекарони Сари Озек ниҳодан корест таваккалӣ ва хатарнок, аммо намехост касе аз нияти ӯ воқиф гардад. Ягон кас, ҳатто хешу табораш аз қасди ӯ огоҳ мешуданд, азми ӯро намеписандиданд. Ба ҷустуҷӯи писари кайҳо ҳалокшуда баромадан чӣ фоида дорад? Ва агар тасодуфе рӯй дода, вай зинда монда ва ба манқурт мубаддал шуда бошад, ба кофтукови вай камар бастан ва дар ин кӯй дилу дидаро обу адо кардан корест дар ғояти номақулӣ ва бемаънӣ, чунки манқурт фақат хӯсаест, танҳо суратесту бас...

Найман-Она ҳамон шаб дар арафаи сафар чанд маротиба аз хайма берун рафт. Дергоҳе ба атрофаш чашм медӯхт, гӯш меандохт, кӯшиш мекард, ки хушу ёдашро ба як нуқта ғундорад. Моҳ дар фарози осмони беабр истода, заминро аз нури ширрангаш мунаввар мекард. Хаймаҳои сафеди сершуморе ки дар доманаи кӯҳсор ҳар ҷо-ҳар ҷо қомат афрохта буданд, селан мурғони бузурги афсонавиро ба хотир мерасониданд, ки ба ин ҷо, ба канори наҳрҳои шӯх барои шабгузаронӣ фурӯ нишаста бошанд. Аз паҳлуи овул, аз он ҷое ки кӯраҳои гӯсфанддон воқеъ гашта буданд, ва аз он сӯтар, аз пастхамие ки галаҳои аспон мечариданд, аккоси сагон ва садоҳои мубҳами одамон шунида мешуд. Вале ба гӯши Найман-Она суруди духтарон аз ҳама гуворотар мерасид, ки дар гӯшаи овул, назди гӯсфандон шабзиндадорӣ мекарданд. Як замоне худаш низ шабонгоҳон сурудхонӣ мекард... Чӣ қадаре ки ёд дорад, аз он айёме ки ӯро арӯс карда, ба ин ҷо оварданд, овули онҳо ҳар тобистон дар ҳамин маҳал хайма мезанад. Ҳамаи умраш дар ҳамин ҷоҳо гузаштааст: ҳам он солҳое, ки хонаводаашон калон буду дар ин бошишгоҳ якбора чаҳор хайма рост мекарданд — якто барои ошхона, дуввумӣ меҳмонхона ва дутои дигар барои истиқомати худашон — ҳам сонитар, пас аз ҳамлаи жуань-жуанҳо, пас аз он ки худаш танҳо монд...

Акнун ӯ хаймаи хилваташро тарк мегуфт... Ҳанӯз аз шоми гузашта ба сафар омода мешуд. Аз обу озуқа захира гирифт. Обро бисёртар — ду машки пур гирифт, зеро эҳтимоле ҳаст, ки дар дашти Сари Озек чоҳу об ба осонӣ пайдо нашавад. Модауштураш Окмоя ҳанӯз аз бегоҳ дар паҳлуи хайма баста шуда буд. Ҳам мадори дилаш буд ин уштур, ҳам ҳамсафари боэътимодаш. Ба тавонгарии вай, ба хушрафтории вай эътимод намедошт,

пешина
аз 293
навбатӣ