Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ба назди ҳамқавмон расонида буд, сонитар нақл мекард, ки вақте жуань-жуанҳо ӯро дунболагирӣ мекар-данд, аспи писари Найман-Она ба кадом як самти но-маълуме аз назарҳо ғоиб шуда буд...
Найманҳо чанд рӯз паси ҳам ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ баромаданд. Вале на худи ҷавони ҳалокшударо пайдо карданд, на аспи ӯ, на силоҳаш ва на ягон нишони ди-гаре. Ба ҳалок шудани ӯ касе шубҳа надошт. Ва агар фақат захмин шуда бошад ҳам, дар бадали ин чанд рӯз ё аз ташнагӣ дар дашти Фароҳ, ё аз ҷорӣ шудани хуни зиёд талаф шуда буд. Ҳамқабилаҳо изҳори надомат кар-данд, ки ҷасади шарики ҷавонашон дар дашти хилвати Сари Озек дафн нашуда мемонад. Ин барои ҳама як кори нангине буд. Заноне ки дар хаймаи Найман-Она навҳагарӣ мекарданд, ба унвони шавҳарон ва барода-рони худ таъна мезаданд:
— Бадани зебописарро лошахӯрон минқор заданд, шаголон канда-канда, ба ҳар сӯ бурданд. Баъди ин шумо чӣ ҳад доред, ки телпаки мардонаро ба сар пӯшед!..
Дар чашми Найман-Она акнун ҳамаи олам хилват-кадае буд. Вай медонист, ки дар ҷанг одамон талаф мешаванд, аммо андешае ки писараш дар майдони ҷанг ғариб мондааст, тани ӯро ба хок насупоридаанд, ӯро орому қароре намедод. Андешаҳои талхи бепоён дили модарро реш-реш мекарданд. Касе набуд, ки дарду ҳасраташро гуфта, дилашро холӣ кунад. Ғайр аз Худо дигар вуҷуде надошт, ки ба вай муроҷиат кунад...
Вай мебоист бо чашми худ медид, ки писараш дар воқеъ ҳалок шудааст. Фақат баъди ҳамин метавонист худ ба худ амр бидиҳад, ки дигар дар ин хусус фикр накунад. Фақат баъди ҳамин ба тақдир тан медод. Бенишон гум шудани аспи писараш ҳам хотири Найман-Онаро мушаваш месохт. Вай захмдор набуд, аз тарс гурезон шуда буд. Вай ба мисли ҳар як аспи дигари дар тавила ба воя расида дер ё зуд мебоист ба зодгоҳаш бармегашт ва ҷасади соҳибашро дар рикоб меовард. Ва онгоҳ, сарфи назар аз он ки лаҳзаи мудҳиштаринест чунин лаҳза, модар дар сари пайкари беҷони писар доду фарёд мекашид, навҳаю фиғон мебардошт, мӯй меканду рӯй меканд ва аз сарнавишти талху шӯр, аз сари сахту қисмати мусибатосораш чунон суханҳо гуфта мегирист, ки нолааш ба осмонҳо рафта, ба гӯши худованд бирасад ва агар парвардигор во

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё