Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Озек то ғалабони манқуртро пайдо накунад ва бовар ҳосил накунад, ки вай фарзанди ӯ нест, дигар ором нахоҳад буд. Дар як канори дили модар муддатҳо инҷониб шубҳае мезист, ки писараш дар майдони ҷанг ҳалок гардидааст ва андешаи ранҷовари даҳшатноки ҳамоншаба он гумони норавшани пешинаро боз қувват бахшид. Беҳтар ки писарро дуввумбора ба хок биспорад, назар ба он ки аз тарси ногузир, аз ранҷи устувор ва иштибоҳи доимӣ дар азоб бошад.
Ҳа, писари ӯ дар яке аз набардҳо бо жуань-жуанҳо дар дашти Сари Озек кушта шуда буд. Шавҳараш як сол қабл аз он ҳалок гашта буд. Дар байни найманҳо шахси номдору шӯҳратманде буд шавҳараш. Сонӣ писар ба ҷанги аввалинаш камар баст, то интиқоми падарро биситонад. Аз рӯи оин ҷасади кушташудагонро дар майдони ҷанг намемонданд. Аммо барои ин кор имконият пайдо нашуд. Дар он ҷанги сахт бисёр касон диданд, ки вақте лашкари ду тараф рӯ ба рӯи ҳамдигар расида даромехтанд, писари Найман-Она бар гардани аспи худ барафтод ва аспи тасфида ва аз ғалоғулаи ҷанг ба ҳарос афтода, баногоҳ бардошту ҷуссаи соҳибашро ба каноре бурд. Баъд ӯ аз сари зин биафтод, аммо пояш дар рикоб буд ва аз паҳлуи асп овезон мерафт ва аспи ки аз ин ҳол тарсу ҳаросаш дучандон шуда буд, тани беҷони ӯро рӯй-рӯи замин кашолакунон ба паҳнои дашт бурд. Гӯё бадкасдона асп ба самти ҳарифон медавид. Ҳарчанд ки ҷанг ҷанги шадид ва хунине буду касе ба тарк кардани майдон ҳақ надошт, ду нафар аз ҳамкавмон аз дунболи ӯ асп монданд, то аспи бардоштаро дастгир карда ҷасади рафиқашонро аз замин бардоранд. Аммо дар оббурдае як даста жуаньжуанҳо ба камин нишаста будааст ва чанд нафар савораи кокулдор аз байни ин даста наъракашон аз роҳи миёнбур ҳамла намуданд. Яке аз найманҳо тир хӯрда ҳалок шуд, дуввумаш сахт ярадор шуда, қафо нишаст ва баробари расидан ба лашкари худ аз зин барафтод. Ин воқеа боис шуду найманҳо аз дастаи камингирифтаи жуань-жуанҳо огоҳ гардиданд, ки мехост фурсати муносибе ёфта, аз паҳлуи ҳариф зарба занад. Найманҳо бо шитоб ақиб нишастанд, то сафҳои худро аз сари нав биоронд ва омодаи ҳарбӣ нав бишаванд. Ва дар чунин вазъият, албатта, тақдири ҷанговари ҷавонашон, писари Найман-Она дигар аз ёди ҳама фаромӯш шуда буд... Наймани захмдоршуда, ҳамон марде ки худро базӯр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё