Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

будаанд, ки пӯсти уштур ба сарашон якумрӣ часпида мемондааст. Ин гуна манкуртро тарсонидан хоҳӣ, мегӯӣ, ки биё, ошно, каллаатро тар карда, пӯстакашро канда мегирем. Ин гапро шунавад, ба мисли аспи маст бардорузан мекунад, аммо намемонад, ки ба сараш даст бирасонӣ. Ин тоифа телпакашро на шаб мекашад, на рӯз... Аммо, боз нақл карданд бозургонон, он манкурт девонаавзоъ намояд ҳам, ба кори худ ҳушёр буд. То даме ки корвон аз наздикиҳои галаи уштурони ӯ дур нарафт, ба ҳаракати он зиракона назорат карда истод. Яке аз корвонён ба ӯ шӯхикунон муроҷиат намуд:

— Роҳи мо дуру дароз аст. Бигӯ, ба кӣ аз ту саламу паём расонем? Шояд дар ягон диёр нозанине будагист? Бигӯ, шарм надор. Ё, шояд, барои ӯ рӯймолаке ҳадя фиристодан мехоҳӣ?

Манкурт дергоҳе ба корвонӣ чашм дӯхта истод-истоду баъд гуфт:

— Ман ҳар рӯз ба рӯи моҳ менигарам, вай ҳам ба ман нигоҳ мекунад. Лекин мо гапи ҳамдигарро намешунавем... Дар он ҷо касе нишастааст...

Ҳангоми ин сӯҳбат дар хайма зане ҳузур дошт ва барои меҳмонон чой мерехт. Найман-Она буд ӯ. Ва бо ҳамин ном дар достони Сари Озек ҳам бимонд.

Найман-Она ҳолати ботинии худро ба меҳмонон изҳор надошт. Касе пай набурд, ки аз ин хабар ӯ чӣ гуна ба изтироб афтод, чӣ тавр қиёфааш дигаргун шуд. Ӯ мехост бозургонро дар бораи он манкурти ҷавон муфассалтар пурсупос намояд, аммо ҳарос дошт, ки мабодо аз он чӣ гуфта шуд, боз бештар маълумаш гардад. Ва лаб ба савол боз накард ва бимеро ки дар вуҷудаш чун фарёди мурғи захмин бедор шуда буд, зуд хомӯш намуд... Сӯҳбат дар он давра ба мавзӯи дигар гузашт, ба манкурти шӯрбахт дигар касеро коре набуд, магар дар дунёи равшан ҳодисаҳои аҷибу ғариб каму андаканд?.. Вале Найман-Она ҳамчунон бо тарсу ҳаросе ки тамоми ҳастиашро фаро гирифта буд, дастбагиребон буд, кӯшид ларзаи дастонашро фурӯ нишонад, гӯё дар воқеъ мехост, ки он мурғи захмини дар кадом гӯшаи дилаш нолиш кардаро хафа карда бикушад. Вай рӯймоли азодориашро ба рӯяш поёнтар кашида фаровард, ҳамон рӯймоли сиёҳеро ки ҳама дар сари кайҳо сафедшудааш дида одат карда буданд.

Корвон ба роҳи худ бирафт. Найман-Она ҳамон шаби бедорхобиаш дарк кард: то даме ки дар дашти Сари

пешина
аз 293
навбатӣ