Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин қисса аз замоне ривоят дошт, ки жуань-гуанҳо дар бошишгоҳи худ — кишварҳои бодиянишини ҷануби Осиё ба танг омада, фирор карданд ва ба сӯи шимол ҳуҷум оварданд ва Сари Озекро ба муддати тӯлонӣ забт намуда, бо мақсади вусъат додани мулки худ ва асир гирифтани бегонагон муттасил ҷанг мекарданд.
Рӯзҳои аввал аз ногаҳонӣ будани ҳамлаи худ истифода бурда, дар ноҳияҳои атрофи Сари Озек мардуми бисёре, аз ҷумла занон ва кӯдаконро асир гирифтанд. Ва ҳамаи онҳоро ба ғуломӣ бидоданд. Вале муқобилат ба истилои аҷнабиён меафзуд. Муҳорибаҳои шадид сар шуданд. Жуаньжуанҳо аз Сари Озек рафтан намехостанд, балки баръакс мекӯшиданд, ки дар ин мулки фарохи боби чорвопарварӣ мустаҳкамтар ҷойгир шаванд. Қабилаҳои таҳҷӯй бошанд, ба чунин талафот тан намедоданд ва қарзи худу ҳаққи худ медонистанд истилогаронро дер ё зуд аз хоки ватан берун кунанд. Хулоса, задухӯрдҳои хурду калон идома доштанд ва гоҳ ба нафъи ин тараф анҷом меёфтанду гоҳ ба суди он тараф. Аммо дар байни ҷангу ҷидол фосилаҳои оромӣ низ воқеъ мегардиданд.

Дар яке аз ҳамин гуна давраҳои оромӣ ба кишри найманҳо корвони бозургонон омаду яке аз тоҷирон
ҳангоми чойнӯшӣ дар сари дастархон нақл кард, ки
вақте онҳо аз дашти Сари Озек убур мекарданд, жуаньжуанҳо ба сари чоҳҳои об наздик шудани онҳоро манъ
намекарданд. Сипас гуфт, ки дар Сари Озек чорвопарвари ҷавонеро дидааст, ки галаи бузурги уштурро бонӣ мекард. Бозургонон хостаанд, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шаванд, вале маълум гардидааст, ки вай манқурт аст. Зоҳиран одами тануманд менамояд ва касе пай намебарад, ки ба ӯ чӣ иллате расида бошад. Аз афташ, як
вақто мисли дигарон забон доштааст, ба фаҳми сухан мерафтааст. Худаш ҳоло хеле ҷавон будааст, дар
лабаш акнун хати сабз медамидааст, андомаш ҳам беҷо нест, лекин аз ягон бобат савол диҳӣ, мебинӣ, ки гӯё
дирӯз аз модар таваллуд шудааст, бечора на исми худаш, на номи падару модарашро медонад, на чӣ кор
кардани жуань-жуанҳоро, на дар кадом диёр ба дунё
омаданашро. Фаромӯш кардааст. Ҳар чиз напурсӣ, хомӯш меистад, фақат «ҳа» ё «не» гуфта ҷавоб мегардонад ва даст аз телпаки сараш намеканад. Одамон ваболу савоб намегӯянд, ба айби дигарон механданд. Дар
ин ҷонривоят онҳо хандакунон мегуфтанд, ки манқуртхое

пешина
аз 293
навбатӣ