Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ба табиати инсон зиёни тасаввурнопазире расониданд. Бесабаб нест, ки Найман-Она дар сари навҳа бар писари манкурт шудааш дар оташи ҳасрату андӯҳ сӯхта, чунин мегуфт:
«Рӯзе ки хотири туро, ҷони модар, аз ту ҷудо мекарданд, косаи саратро ба пӯсти хушкандаи уштур пеҷонида, чунон ки чормағзро ба чанголи анбӯр бишкананд, мефишурданд, он лаҳза ки чанбари ноаёнро ба сарат кашиданду чашмонат аз тарси ҷон ба хуноби ҷигар олуда аз хонаҳои худ барҷастанд, даме ки ташнагии фаногар дар кӯраи оташи бедуди Сари Озек шиканҷаат медоду қатрае борон набуд, ки ба лаби сӯзони ту биафтад, он рӯз оё офтоби барои дигарон оламтоб ва ҳаётофарин дар назари ту, ҷони оча, чароғи манфур, чароғи хомӯш, тиратарини чароғҳои олам набуд?
Даме ки фарёди дилҳарошат аз дарди ҷонсӯз дар паҳнои дашт даҳшат мефиканд, соате ки дар истифроғоти худ, ки аз ранҷи ҷисм беихтиёр берун меомад, нафастанг мешудӣ ва дар наҷосати дилбеҳузуркунанда, ки аз шиддати ташаннуҷоти пайкарат бармеомад, ғел мезадӣ, лаҳзаҳое ки аз туғсёни он бӯйи бад ва ҳамлаи фавҷҳои магас ҳуш мебохтию ҷон месупоридӣ ва ба худ мепечидиву фарёд мезадӣ, шаб то саҳар ва субҳ то шом ба даргоҳи Худованд илтиҷо мекардӣ ва аз осмони бевафо умеди мадад доштӣ, оё он рӯз, ҷони оча, охирин мадори худро ғундошта, ба даргоҳи Худованд лаънат нахондӣ, ки дар оламе ки худ тарк карда буд, моро офаридааст?
Вақте ки ақлу ҳуши аз кину азоб афсурдаи туро пардаи зулмот фаро гирифт ва хотират, ки бо зӯр аз ту ҷудо карда будандаш, вобастагии айёми гузаштаро бебозгашт аз каф медод ва ҳангоми даступозаниҳои тоқатшиканат нигоҳи чашми модар, шарфаи оби ҷӯйбори домани кӯҳ (ҷӯе ки рӯзҳои тобистон оббозӣ мекардӣ), исми худ ва номи падарро дар шуури зеризабаршудаат гум мекардӣ, даме ки чеҳраи одамони туро ба воя расонида аз пеши назарат дур мешуд, номи духтараки ба рӯят хаёломез табассум карда фаромӯш мегардид, магар, он рӯз лаҳзаи сарнагун рафтан ба чоҳи бетаки фаромӯшӣ бар унвони модарат, аё ҷони оча, лаънату нафрин нахондӣ, ки замоне ҷуръат карда, аз вуҷуди ту обистан шуда буду сипас туро ба рӯи ин дунёи дун биовард, то рафта-рафта, чунин рӯзе бар сарат биафтад?..»

пешина
аз 293
навбатӣ