Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Манкурт намедонист, ки кист, аз кадомин авлод аст, номаш чист, айёми кӯдакӣ, исми падар ва модараш чӣ буд, — хулоса худро чун инсон эҳсос карда наметавонист. Мафҳуми «ман» барои вай бегона бошад ҳам, дар кори хонаву рӯзгор як қатор бартариҳо дошт. Вай баробари як ҷонвари безабон ва, аз ин рӯ, итоаткор ва бехатар буд. Хаёли фирор кардан ҳеҷ гоҳ ба сараш роҳ намеёфт. Мудҳиштарин рӯйдод барои тоифаи ғуломдорон иссёни ғуломон аст, зеро ҳар як ғулом дар ниҳоди худ исёнгарест. Манкурт аз ин ҷумла ягона истисно буд — майли саркашӣ ё шӯриш барои вай тамоман бегона буд. Ӯ аз вуҷуди ин гуна эҳсосот умуман хабар надошт. Бинобар ин ҳоҷат ба посбон набуд. Манкурт ба мисли саг фақат соҳиби худро мешинохт. Бо дигарон сари коре надошт. Ҳамаи фикру зикри ӯ ба он равона буд, ки шикамаш сер бошад. Дигар ғаме надошт. Аммо супоришҳоро кӯркӯрона бошад ҳам, аз таҳти дил ва мукаммал ба ҷо меовард. Манкуртҳоро водор менамуданд ифлостарин, гаронтарин корҳоро анҷом бидиҳанд ё машғулоти дилгиру пурмашаққатеро мефармуданд, ки сабру тоқати бепоёни кунду карахтеро такозо мекунад. Фақат манкурт метавонист дар биёбони бениҳоят хилвату бекаси Сари Озек, дар чарогоҳҳои дурдаст муттасил саробони галаи уштурон бошаду ба ранҷи танҳоӣ тоб оварад. Дар ҷойҳои дур ба танҳоӣ кори чандин нафарро анҷом медод. Ба ӯ фақат ғизое бошад, шикамаш сер бошад, аз танҳоӣ дилгир нашуда ва аз маҳрумиятҳо шиква накарда, шаба шаб, рӯза рӯз нагуфта, зимистону тобистон нагуфта, кор мекард. Амри соҳиб барои манкурт олитарини амрҳо буд. Ба ҷуз хӯрок ва кӯҳналибосе ки аз сармо задан дар биёбон эмин дорад, дигар чизе талаб намекард...

Барои тарсонидани чашми асирон як-ду нафари ононро сар буридан ё ҷазои дигаре додан басе осонтар аст назар ба он, ки ҳофизаи ӯро барҳам зананд, ақлу хиради ӯро маҳв намоянд, яъне чизеро решакан созанд, ки то нафаси вопасин бояд дар вуҷуди инсон бошад ва яккаву ягона бозёфти ӯ ҳисоб ёбад ва баробари ӯ аз ин олами равшан бираваду барои дигарон дастнорас бимонад. Аммо жуань-жуанҳои бодиянишин, ки аз қаъри таърихи тираву торашон бешафқаттарин навъи ваҳшониятро ба мерос оварда буданд, ҳатто ба ҳамин гавҳари ниҳонии бани-одам дастдарозӣ карданд. Ҳилае ёфта, хотири зиндони инсонро бирабуданд ва ба ҳамин васила

пешина
аз 293
навбатӣ