Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бештарини вожаҳо байни халқҳои Осиёи Миёна дар муносибат он қадар радду бадал шуда, аз даст ба даст гузаштанд, ки имрўз мушкил аст асли онҳоро муайян кардан.
Бале, муносибатҳои дўстона бо ҳамсоякишварҳо хешутаборӣ, ҳамдинӣ, ҳаммазҳабӣ моро он қадар муттаҳид кардааст, ки баъзан наметавонем муайян кунем, ки фалон калима моли фалон забон аст ва наметавонем онҳоро аз якдигар ҷудо кунем.
Ҳарфҳо дар якҷоягӣ калима, калимаҳо дар маҷмўъ нутқ ва забонро ташкил медиҳанд. Забон бошад, сутуни асосии миллат аст.
Пас биёед ҳар ҳарфи забонро эҳтиром кунему ҳар вожаи онро азизу мўҳтарам дорем, то дар маҷмўъ эҳтироми миллатро ба ҷо оварда бошем! Вассалом!
«Тоҷикистон»\ 2.04.2009
(Ин мақола бо ҳамроҳии Мамлакат Аюбова дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, ки забони ӯзбакиро хуб медонад, навишта шудааст).

Армонҳои миллӣ дар лоиҳаи Қонуни забон Дар Қонуни забони аввалӣ дар 37 модда 33 маротиба калимаи русӣ зикр шуда буд. Кас гумон мекард, ки ин на Қонуни забони тоҷикӣ, балки Қонуни забони русӣ ё ба хотири русӣ буд.

Изҳороти раиси комиссияи татбиқи қонуни забон, профессор Ғаффор Ҷўраевро тавассути садову симои ҷумҳурӣ шунида, шигифт аз он шудам, ки ҳоло ҳам ба истиқлолияти кишвари мо аз берун мехоҳанд дахолат кунанд. Воқеан ҳам изҳороти баъзе амалдорони Русия дар мавридҳои гуногун тааҷҷуббарангез аст. Ба ёд биёред чанде пеш таъкиди сафоратхонаи Россияро дар мавриди ҷорӣ намудани сензура бар болои ВАО-и ҷумҳурӣ. Шояд онҳо ҳоло ҳам дарк накардаанд, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ягона мебошад.
Шукр, ки мо соҳибистиқлол ҳастем ва қонунҳои мо низ ифодагари ҳамин истиқлолияти мо мебошанд.
Акнун бармегардем сари он моддаи пештараи забон, дар мавриди забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо, ки имрўз баъзеҳоро ба ташвиш овардааст.
Банда дар яке аз мақолаҳоям дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (аз 9.02.2006) ин моддаро таҳлил намуда будам ва ман ягона набудам, ки пеш аз ману баъд аз ман ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Бояд гуфт, ки бар асоси чанд далел ин моддаро аз қонун берун бояд кард:

  1. Аввалан ин Қонуни забони давлатӣ аст на забони дигар; 2. Сониян забони муошират гуфта, забони алоҳидаро таъин намудан ҳуқуқи шахсонеро, ки ин забонро намедонанд, помол мекунад; 3.
пешина
аз 161
навбатӣ