Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин рў русҳо бе душворӣ ба забони адабӣ фикрашонро ифода мекунанд.
Зуқидан дар забони адабӣ нест
Феъли лаҳҷавии зиқидан ё зуқидан, ки дар шаклҳои мезуқад, зуқзуқ кардан, исми зуқоқ (яъне шахсе, ки мезуқад) вомехўрад, дар забони адабӣ нест. Яъне, он маъноеро, ки феъли зуқидан дар лаҳҷа ифода мекунад, дар забони адабӣ ҳеҷ феъле ва калимае дар як шакл ифода карда наметавонад. Онро бо ҷумла ё матн ифода мекунанд. Зуқидан як навъ норизоист, ки дар шакли шикоят, нола, рафтор ва гуфтор ифода меёбад.
Дар хазинаи луғавии забон феълҳо ягона ҳиссаи нутқанд, ки соф тоҷикианд. Аз ин рў феъли қ-дори зуқидан соф тоҷикист.
Ё дар ҷумлаҳои зер ба феълҳои тасвирӣ диққат диҳед: «Чӣ қорт кардӣ» (рост истодан ба тарзи махсус); «Як кас чумбоқ нишастааст»
(тарзи махсуси сари ду по нишастан). Мардум мазмуни онҳоро хуб мефаҳманд. Ин вожаҳо дар ганҷинаи забон, яъне лаҳҷа боқӣ мондаанд ва соф тоҷикианд.
Феъл - ҷон
Забоншиносон мегўянд, ки феъл ҷони забон аст. Агар ҳама ҳиссаҳои нутқ иқтибосӣ шаванд, боке нест, ба ҷуз феъл. Зеро феъл дар забон ягона ҳиссаи нутқест, ки иқтибосӣ буда наметавонад. Агар ин ҳиссаи нутқ бегона шавад, пас забон мурдааст. Яъне, як далели мурдани забон ин пурра иқтибосӣ шудани феъл мебошад. Ифодаҳои талаффуз кардан, дохил шудан, хориҷ шудан, ва кўчагии ждат кардан, провожат кардан ва мисли инҳо дар худ калимаҳои арабӣ ва русӣ бо ёридиҳандаҳои кардан ва шудан доранд, ки танҳо ҳамин ёридиҳандаҳо осоре аз тоҷикӣ медиҳанд. Пас феълҳоро эҳтиёт кунем. Худо нигоҳ дорад аз иқтибосӣ шудани феъл!
Далел – 1400 сол 1400 сол пеш, яъне то ҳуҷуми арабҳо аҷдодони мо ба ҷои қ дар калимаҳои тақлидӣ-овозии қур-қур, қар-қар, ё тақ-тақ чӣ мегуфтанд, маълум аст. Мисли талаффузи имрўзаи русҳо шояд роҳе доштем, ки ин вожаҳоро талаффуз кунем. Аммо баъди қабули дини ислом дар зери таъсири забони арабӣ овозҳои ҳалқӣ ва бехизабонии қ ба талаффузи мо ҷорӣ шуд. Дар ин муддати тўлонӣ мо ба эҷоди калимаҳои худӣ бо овози иқтибосии қ пардохтем. 1400 сол ин даҳ солу сад сол нест, ин ба ҳисоби миёна 15-20 пушти моро дар бар мегирад. Иддаои он ки ҳарфи қ иқтибосӣ аст, дуруст аст, вале дар ин 1400 сол он ба калимасозии тоҷикӣ ворид шуд. Калимаҳои тақлидӣ-овозӣ ё тасвирии қ-дор, ки минбаъд пайдо шудаанд, иқтибосӣ набуда, соф тоҷикиянд. Ин сарнавишти ҳарф ё овози қ ва ҳ-и тоҷикӣ аст. Далели мо 1400 сол аст.
Дар ин муддат қ он қадар худӣ шуд, ки дар дохили фонди луғавии забон мавқеъ пайдо намуд ва он ҳаргиз бегона нест.

пешина
аз 161
навбатӣ