Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

У-и маҷҳул, ки дар шеваи шимол талаффуз мешавад: рӯз, сӯз, мӯй, зӯр ва ғ. Онро мо вови маҷҳул нагуфтем, чунки калимаҳои арабии сӯҳбат, мӯъҷиза, мӯҳтарам ва ғ. вов надоранд. Зимнан ишораи устод Додихудо Саймиддинов низ ба ҳамин ғалати имлосозони пештара дахл дорад.
«Ӯ»-и таърихӣ
Ҷонибдорони ӯ изҳор мекунанд, ки ин ӯ таърихист ва онро муҳофизат кардан даркор ва далел меоранд, он аз дифтонги «au»
сарчашма дорад, мисли рӯз аз raucha, гӯш аз gausha ва ғ. Бояд гуфт, ки ин дифтонг дар дигар калимаҳо низ буд, мисли тухм, хусрав ва мардум, ҳоло ҳар сеи ин вожаҳо бе вов ва кӯтоҳ навишта мешаванд.
Ин маънои онро дорад, ки забон дар тӯли солҳо ба ҳодисаҳои савтӣ дучор шуда, тағйир меёбад. Дигар мо таърих гуфта, масалан вожаи гиребонро гривпан гӯем, фақат ба хотири он ки вай таърихан гарданбон буд.
Худи ҳамин далелҳо ишора бар онанд, ки дар илми таърихи забон масъалаи таърихияти овози ӯ кайҳо ҳал шудааст.
Хатои имлосозони шӯравӣ дар он аст, ки овози ӯро ниҳоят вазнин карданд, ба он вазифаҳои нав доданд. Масалан вожаҳои аз хориҷ омадаро, ки калимаҳои иқтибосӣ мегӯянд, ӯ гузоштанд, ки дар натиҷа миқдори он ниҳоят зиёд шуда, мушкилии мардумро дучанд кард.
Мисол: сӯҳбат, мӯъҷиза, маҷмӯа, шӯъла, мӯҳтарам, рӯҳ, бӯҳтон.
Хайрият, ки аз сиёсати давлати шӯравӣ ҳазар карда, вожаҳои русиро чунин шоху барг наовехтанд, набошад, имрӯз Путинро Пӯтину, Бушро Бӯш менавиштем.
Баъзе забоншиносон ақида доранд, ки мо бояд калимаҳои хориҷиро ба талаффузи худамон мувофиқ карда нависем. Ман ба ин сухан тарафдорам, вале на дар мавриди овози ӯ. Зеро он дар лаҳҷаҳои Тоҷикистон гуногунталаффуз аст.
Баъзеи дигар таъна бар минтақаи дигар зада мегӯянд: «Муранду ёд гиранд» (айнан аз забони онҳо). Вале ба хотири чӣ?! Устоди ман, ки беҳтарин забоншиноси ҷумҳурӣ буд, синнаш аз 70 гузашту онро ёд нагирифт. Ҳатто ҳангоми қироати диктанте дар мавзӯи Кӯлоб ба ӯ эрод гирифтанд, ки ӯ-ро талаффуз карда наметавонад.

пешина
аз 161
навбатӣ