33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Акнун мегузарем ба талаффузи овози ӯ. Чаро талаффуз, зеро яке аз принсипҳои асосии имло – яъне дурустнависӣ ин дуруст талаффуз карда тавонистан мебошад. Ӯ-ро на ҳар кас талаффуз карда метавонад, зеро талаффуз ирсӣ аз модар ба фарзанд мегузарад. Шумо Сафватҷон, ки талаффузи дурусти онро аз модар (раҳмат ба он кас!) бехато омӯхтаед, роҳату беғалат менависед ва боварӣ дорам ҳангоми довталаби мактаби олӣ будан ва иншо навиштан ҳам парво надоштед.
Вале оё медонед, ки даҳҳо ҳазор довталабони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз сабаби талаффуз карда натавонистани овози ӯ аз иншо ноком шуда, ба колхоз баргашта, дар байни пахтазор умри худро зоеъ карданд. Гарчанде ки онҳо бисёр босавод буданд. Ҷавоби онҳоро ким медиҳад? Албатта, Ҳилол Карим не. Мувофиқи меъёри баҳогузорӣ дар натиҷаи 11 ғалат гирфтан баҳои иншо ду мешавад, ки дар байни ин 11 ғалат ҳатман 7-8 ғалаташ марбут ба овози ӯ буд. Оё ин ӯ воқеан илмӣ аст ва дониши шахсро дар ҳаққӣ нишон медод ё ин «ӯ» ёрдамчие буд барои устодони як минтақа барои шинохтани шогирдони дигар минтақа? Ана аз ҳамин ҷо сар мешуд интихоби кадри «худӣ».
Овози у-ро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардаанд: кӯтоҳ, дароз, дарози таърихӣ, маъруф, маҷҳул ва ғайра. Дар Тоҷикистон асосан се овози у талаффуз мешавад:
- У-е, ки маъруф аст ва он дароз талаффуз мешавад: дуд, дур, зуд, гуфт. Зимнан дар шеваи ҷануб вожаҳои рӯз, мӯй, сӯхт низ ҳамин гуна талаффуз мешаванд; 2. У-е, ки кӯтоҳ аст ва он қариб талаффуз намешавад ва он ба заммаи арабӣ монанд аст, дар шеваи ҷануб он серистифода аст. Дар транскрипсияи лаҳҷа онро баъзан бо сакта (ъ) ишорат мекунанд: бъз (буз), шътър (шутур), шъд (шуд). Дар лаҳҷаи шимол он мисли вови маъруф талаффуз мешавад. Дар имлои забони адабӣ низ ҳамин тарзи талаффуз қабул шудааст, яъне бузи кӯтоҳ мисли дуди дарози таърихӣ навишта мешавад, ки принсипи талаффузии имло шикаста шудааст.
Бояд гуфт, ки тарзи талаффузи кӯтоҳ чанд аҳамият дорад. Аввалан, он роҳи ягонаи муайян намудани калима аст, ки вов дорад ё не. Сониян, чунин тарзи талаффуз барои дуруст дарк намудани вазни шеър аз ҷиҳати дарозиву кӯтоҳӣ кӯмак мекунад. Албатта, мо хатои имлосозони замони шӯравиро такрор карда пешниҳод намекунем, ки барои як минтақаи бузурги Тоҷикистон як у-и дигар созеду дар зераш думчае гузоред; 3.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё