Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хиради Фирдавсӣ
Ақл бо вожаи хирад муродиф аст. Бале он хираде, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» онро зиёда сутудааст:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Ҳамеша хирадро ту дастур дор.
Бад-ў ҷонат аз носазо дур дор.
Шоир фасли «Гуфтор андар ситоиши хирад»--ро пеш аз фаслҳои офариниши оламу одам (ҷ.1, саҳ. 26-30) овардааст, ки бесабаб нест.
Зеро ў хирадро моя, гавҳар ва асли зиндагонӣ медонад ва афзуда медорад, ки:
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Ҳар ду сарой гуфта шоир ин дунё ва он дунёро дар назар дорад.
Яъне ақлу хирад одамро дар ду олам дастгир аст. Шоир дар боби офариниши мардум хирадро бо одам якҷо медонад:
Чу з-ин бигзарӣ, мардум омад падид, Шуд ин бандҳоро саросар калид.
Сараш рост бар шуд чу сарви баланд, Ба гуфтори хубу хирад корбанд.
Баъд ақидаҳои аз Библияро меорад, ки одам тавассути ақлу ҳушу рой даду дом (ҳайвонҳо)-ро мутеъ мегардонад:
Пазирандаи ҳушу рою хирад,
Мар ўро даду дом фармон барад.
Ақл, дониш, тафаккур
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Чун аз ман ҳадисе шунидед, ки ба табиату ҳолатон муносиб бошад, қабул кунед ва агар ба табиату ҳолатон муносиб набошад, он ҳадис аз ман нест ва рў кунед». Фикр мекунам, дар ин ҳадис расулуллоҳ ба олимони ислом муроҷиат кардаанд, ки аз рўи ақл амал намоянд.
Ақл дониш ва тафаккур аз якдигар фарқ доранд. Ҷудо будани ақлро аз дониш кайҳо зарбулмасали «Олим шудан осону одам шудан мушкил» таъкид карда буд. Тафаккур натиҷаи илму дониш аст. Фикр рондан амали ботиниест, ки дар ҳар инсон алоҳида ва муфрад аст.
Дониш танҳо метавонад чароғи ақл бошад. Инҳо ҳамагӣ исми абстрактанд, ки ба чашм дида намешаванд. Ақл атои Бори Таъолост, аз ин рў аз он истифода бояд кард. Касе, ки ақлро инкор мекунад, пас одамро инкор мекунад. Зеро он чи ки одамро аз дигар ҷондорон афзалу бартар гардонидааст, маҳз ҳамин ақл аст. Китобҳои осмонӣ низ ба инсонияти боақл нозил шудаанд, то сари он андеша кунанд, дониш омўзанд, тафаккур ронанд. Тафсиру шарҳҳо ба Қуръон магар ифодагари далели ақлӣ нестанд?

пешина
аз 161
навбатӣ