Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба фикри мо, номи пештараи он - йотро баргардонидан лозим аст. Зимнан, бояд гуфт, ки дар тамоми алифбоҳои олам ҳарфҳо ном доранд: алфа,бета, даблю, ғайн, коф, қоф ва ғ.
Ҳарфи к
Дар луғатчаи имло номи ин ҳарф ке гузошта шудааст. Муаллими синфҳои ибтидоӣ ҳангоми ин ҳарфро гузоштан даҳҳо бор шакли талафузӣ ва номи ин ҳарфро ба бачаҳо таъкид мекунад. Чунончӣ:
ҳарфи ке-ро нависед; ҳарфи керо талаффуз кунед, ҳарфи керо ин хел менависанд ва ғайра. Худ қазоват кунед, бо номи ҳарфро ке гуфтан муаллим ба чӣ ҳолат меафтад ва хандахариши бачаҳо мешавад. Аз ин рў номи пешинаи ҳарф ка- хеле зебо ва аз ҷиҳати таълимӣ мувофиқ буд.
Ҳарфи ӣ
Ин ҳарф дар китобҳои дарсӣ шакли морфологӣ номида шуда, ба қатори шаш садонок шомил нашудааст. Онро и- и заданок номидаанд, вале дар калимаҳои омадӣ, дидӣ, (ту) мардӣ маълум аст, ки заданок нест. Зимнан қоидаи дар байн наомадани он дар муқоисаҳои зерин мавҷудияти онро зери шубҳа мегузоранд: кӣ? - киҳо? -чӣ?- чиҳо? моҳӣмоҳии тилло.
Хонандагон бисёр вақт онро бо ҳарфи й, ки шаклан монандан омехта мекунанд ва аксарият онҳоро фарқ намекунанд. Ғалатҳои асосии иншо низ аз ҳисоби ӣ ва ў мебошанд. Маълум аст, ки аз рўӣ меъёри баҳогузорӣ 7- то чунин ғалат ва чор хатои китобатӣ иншоро бо баҳои 2(бад) мебарад.
Дар солҳои Ҳукумати Шўравӣ, ки дар як факултаи забонҳои шарқ то ҳазор донишҷў (як ба даҳ) ҳуҷҷат месупориданд, иншо нақши муҳимро мебозид. Барои "тоза кардан" ин хатчаҳо "хизмати бузург"
кардаанд. Довталабони зиёд, ки ин ду ҳарфро намедонистанд, аз иншо баҳои ду ё се гирифта, ноком мешуданд, ё аз мандат намегузаштанд.
Баҳсу наҳси ӯ
Атрофи ӯ он қадар баҳсҳо зиёд шуданд, ки ранги сиёсӣ ва ғаразӣ гирифтанд ва муносибатҳои баъзеҳо бад шуд, аз ин рӯ он ба як ӯ-и наҳс мубаддал гаштааст. Сабаби он ба далоили илмӣ ва хусусиятҳои савтиву талаффузӣ ва воқеият такя накардани ин рафиқон аст.
Талаффузи ӯ фавқулодда байни у ва о қарор дорад ва на ба ҳар кас даст медиҳад, ки онро дуруст хонад.
Инро ҳарфи y - и дароз, вови маҷҳул, ҳатто y - и зада (ниг. У.
Каримов, забони адабии тоҷик) низ номгузорӣ кардаанд. Вале ҳар шахси огоҳ аз забону адабиёт ва алифбои ниёгон медонад, ки ин ҳарф дар мавридҳои муайян на вов аст, на дароз аст ва на зада.

пешина
аз 161
навбатӣ