33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳангоми навиштани кори хаттӣ хонандаи имрўза дар имлои бисёр калимаву ибораҳо ба хатоҳои зиёд роҳ медиҳад. Мазмунро аъло менависад, вале хатоҳои зиёд муаллимро маҷбур месозад, ки баҳои бад гузорад.
Ҳоло ҷамъият рў ба тараққӣ ниҳодааст. Миллатҳои дигар аз ҷиҳати техникаву саноат, компютер солҳо аз мо пеш рафтаанд. Аз ин рў имло-навишт ҳар чӣ осонтар бошад, ҳамон қадар ба манфиати кор аст.
Имрўз хонандаи мо ҳоло ҳам ҷойи хатчаҳоро дар калима мекобад.
Ҳанўз сесад сол муқаддам Пётри 1 алифбои кириллиро аз шоху баргҳо тоза карда буд (ниг. китоби"Хат ва пайдоиши он" ).
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ шуд, ки дар асоси он китобчаи "Имлои забони тоҷикӣ" дар ҳаҷми 34 саҳифа ба табъ расид.
Бояд гуфт, ки ин китобча тамоми масъалаҳои имлоро дар бар гирифта наметавонад, зеро ҳаҷмаш хурд, вале калимаҳо ниҳоят зиёданд. Зимнан бояд дар охири ин китобча илова мекарданд: кадом масъалае, ки дар ин китобча баррасӣ нашуда бошад, аз рўйи имлои кўҳна амал кунед.
Набудани як китоби имлои муфассал мисли имлои марҳум И.
Калонтаров сабаб шудааст, ки дар навишти бисёр калимаҳо ба хатоҳо роҳ медиҳем. Чопхонаҳо, рўзномаҳо имлои навро қариб риоя намекунанд, зеро бисёр масъалаҳои он сунъӣ сохта шудааст.
Бояд иқрор шуд, ки "Имлои забони тоҷикӣ" таҳрирталаб аст.
Ислоҳоти мактабро аз ҳамин ҷо бояд оғоз намуд. Имлои калимаҳо ба баҳси алоҳида ниёз дорад. Инак, диққати алоқамандони имлову таълимро ба чанд ҳарфи алифбо ҷалб хоҳем кард.
Ҳарфи ъ
Ин ҳарф, ки аз ъайн ва аломати ҳамза пайдо шудааст, дар китобчаи "Имлои забони тоҷикӣ" ҳамин тавр - ъе номгузорӣ шудааст.
Азбаски бисёриҳо ин ҳарфи ҳалқиро талаффуз карда наметавонанд, дар талаффузи онҳо ин ҳарф чун овози э ба гуш мерасад. Муаллим ҳам дар дарс наметавонад ҳамаро маҷбур созад, ки онро ба ҳалқ талаффуз намоянд. Аз ин хотир номи ин ҳарфро чун пештара сакта гузоштан беҳтар аст. Албатта, пештар он аломат буд. Вале имрўз аҳамияти таълимӣ доштани номи ҳарф ба инобат гирифта, онро ҳарфи сакта гўем, авлотар аст.
Ҳарфи йи (й)
Бале, ҳарфи й дар имлои навин ҳамин тавр номгузорӣ шудааст.
Муаллими бечора ҳангоми дарс намедонад, ки номи ҳарфро чӣ гуна ба самъи хонанда расонад. Пештар он йот ном дошт ва дар асоси он чор ҳарфи дигар - е, ё, ю, я йотбарсар номида шуда буданд. Акнун аз сабаби он ки номи йот дигар вуҷуд надорад, муаллим сабаби йотбарсар номгузорӣ шудани чор ҳарфи мазкурро чӣ гуна шарҳ медода бошад ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё