Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фирдавсии бузург дар
«Шоҳнома» кулоҳро дар ёздаҳ муродиф (тоҷ, кулоҳ, афсар, дайҳим, гарзан, шора, дастор, сарбанд, тарг, худ, кулаҳхуд) меорад. Вале аз ин миён вожаи тоҷро бештар истифода мекунад ва ҳангоми нишон додани русуми подшоҳони Эрон ба тоҷ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Тамоми шоҳон ҳангоми қабули меҳмонон ва бори омма дар болои сар ё пешорўи тахти шоҳӣ тоҷи бузургу вазнинеро меовехтанд. Яъне, дар ин ҷо ду тоҷ пеши назар меояд: як тоҷе, ки онро шоҳон бар сар мениҳоданд ва дигар тоҷи бузурги расмӣ. Ва ин расм он қадар маъмулӣ будааст, ки мисраи «Биёвехт аз бари оҷ тоҷ» даҳҳо маротиба дучор меояд. Ҳатто ин тоҷи вазнинро ҳангоми сафарҳои хидматии подшоҳ аз ҷое ба ҷое мебурданд, то берун аз дарбор низ ин русум комил бошад:
Биёмад бад-он ҳамнишон то ба Чоҷ, Биёвехт тоҷ аз бари тахти оҷ.
Бояд гуфт, ки дар «Шоҳнома» либосу ашёҳои зиёде аз қабили кафши заррин (Туси зарринакфш), зиреҳи пўлодин (зиреҳи Сиёвуш), сипари симин, баргустувони оҳанин, тир ё камони пурқувват (камони Рустам) ва ғ. ҳастанд, ки ҳар кадоме дар мавқеи худ аҳамияти махсусро моликанд. Вале шоҳони пешин ҳеҷ як кадоме аз ин ашёро пешорўи тахти худ, ба таври расмӣ сохта намеовехтанд, балки маҳз тоҷро меовехтанд, ки ин нишонаи олии қавму миллати тоҷик аст.
Фирдавсӣ «Шоҳнома» - ро барои абадӣ гардонидани таърихи як халқу давлате чун давлати Сомониён навишта буд ва онро ба ин шоҳони тоҷик тақдим карданӣ буд. Расму оин ва забону тарзи баёни ба лаҳҷаи имрўзаи мардуми тоҷик ниҳоят наздики «Шоҳнома»- ро ба инобат гирифта, метавон гуфт, ки «Шоҳнома» ин таърихномаи шоҳони тоҷик ва мардуми форсу тоҷик аст.
Имрўз тоҷи бузурге дар болои сари ҳайкали Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст, ки қисман он тасвироти Фирдавсиро ба хотир меорад. Фақат дар қадим пешорўи тахти подшоҳ аз болои қаср бо занҷирҳои заррин тоҷи бузургу вазнинеро, ки он тоҷи расмӣ ва суннатии гузаштагони мо ҳисоб мешуд, овезон менамуданд.

пешина
аз 161
навбатӣ