33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Дар луғати «Русӣ-тоҷикӣ», ки зери таҳрири М. С.
Осимӣ чоп шудааст, вожаи хохол кокул, пӯпӣ, тоҷ, хохлушка украиндухтар ва хохлатый пӯпапкдор, тоҷдор тарҷума шудаанд (саҳ.
1185).
2. Кулоҳӣ ё куловӣ курдонро гӯянд, ки мӯи хешро чун кулоҳ гирди сар мепечиданд (ба украинҳо монанд). Ва низ паҳлавонони курдиро мегуфтанд. Ҳофизи Убаҳӣ дар «Тӯҳфатулаҳбоб» (саҳ.91) ин ду мисраъро аз Боронӣ ном шоир меорад:
Дар биёбон бидид қавме курд,
Карда аз мӯй ҳар яке куло.
Гарчанде ки Ҳофизи Убаҳӣ дар шарҳи маънии вожаи куло мегӯяд:
«забони курдон бувад» (саҳ. 90). Чун куло (ҳ) нахуст номи қавм гаштааст, пас номи забони онҳо низ бо номи қавмашон айният дорад.
Этноними курд ва куло аз ҷиҳати қонунияти фонетикӣ пурра метавонанд як реша бошанд, чун овозҳои к, р ва л ба узви сар ё калла далолат мекунанд ва таърихан овози рд мубаддал ба л мегардад.
Муқоиса: вард – гул, сард – сол, сардор – солор.
Имрӯз, ки курдон зиёда аз 70 млн нафаранд, давлат надоранд ва ҳамеша дар зери истилои қавми дигаре будаанд, чун дар Ироқ, Туркия, Ирон ва Сурия доим одату суннати ниёгони хешро тағйир ба ҳар давру замон мекарданд. Бо ҳамин сабабҳо ин расми куҳан, яъне печидани мӯй гирди сари хеш шояд дар байни курдон боқӣ намонда бошад.
3. Қизилбош - сурхсар. Устод Айнӣ низ зикр намудааст, ки ин қавм саллаҳои сурх бар сар мениҳоданд. Аз ин рӯ онҳоро қизилбош - сурхсар мегуфтанд ва ин ифодаи зоҳирии узви болои инсон – сар номи қавм гаштааст. «Сафавиён … кулоҳи сурхи тоҷдор мепўшиданд ва аз ин сабаб роҳбарони онҳо… худро «қизилбош» (сурхкулоҳ) меномиданд».
4. Қарақалпоқ - телпаксиёҳ. Ин қавми муғулитабор бо ин шакли зоҳирии кулоҳашон худро яке аз ақвоми наздик ба Чингизхон дониста, ҳатто ифтихор аз он доранд, ки муҳофизони Чингихон чунин кулоҳҳо дошта, бо далериву ҷасорат машҳур буданд.
5. Бошқирд. Бошқирдҳо чун дигар халқҳои осиёӣ мусалмон шуда, дар ҳамсоягӣ бо қавмҳои эронӣ мезистанд. Аз ин рӯ ҳеҷ аҷобате надорад, ки гӯем мулки онҳоро порсҳо ном додааанд. Маълум ки ҷузъи бош ба маънии сар омадааст, ҷузъи қирд ҳамон гирд ё гради ҳиндуориёист, ки бо город яъне шаҳр ҳаммаъност.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё