Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Умуман бо мӯйи хеш ҳар қавм ҳар гуна муносибат дошт. Чиниҳо гурӯҳе мӯйи дароз мегузоштанд ва бо он чун воситаи муҳориба ва муҳофизат ифтихор доштанд. Баъзан изҳори ҳайрат низ бо мӯйро зери лаб кардан ифода мешуд: Зи мӯ ангушти ҳайронӣ ба лаб доранд чиниҳо (Бедил). (Дар мо барои ифодаи ҳайрат ангушт газид мегӯянд).
Поинтар аз сару мӯю рӯй гардан аст, ки баъзе ақвоми африқоӣ аз гардани дароз ва ғайриоддӣ фарқ мекарданд. Ҳатто барои дароз кардани гарданҳои духтарон, ки ҳусну малоҳат ҳисоб мешавад, аз воситаҳои гуногун истифода мекунанд.
Дар байни ақвоми бумиёни амрикоӣ гурӯҳе, ки дар сарҳояшон парҳои паррандагонро сахт намуда буданд, фарқ мекарданд ва онҳо аз ин аломати зоҳирӣ номгузорӣ шуда буданд.
Аз номи сар ва он чи ба сар (узви аз ҳама болои инсон) алоқаманд номи қавму миллатҳо пайдо шудаанд, ки овардани ин этнонимҳо аҳамияти ин пӯшиши сарро дар ташаккули маънии ин этнонимҳо нишон медиҳад.

  1. Хахол. Украиниро мегӯянд. Этноними хахол аз кокул пайдоиш дорад. Зоҳиран ин қавм мӯйҳои худро мебофтанд ва гирди сар тоб дода-тоб дода, боло мебардоштанд. Ин одат ҳоло ҳам дар украинҳо ҳаст.
пешина
аз 161
навбатӣ