Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва боз худу якдигарро бо сифатҳои «сарвайрону девонаву буқа» васф карда, таҳрик мекунем ба низоъ. Низоъшиносӣ басо илми зарурист барои тоҷикони бодиву бодаку тезбашўроянда.
Барои мо шумори зиёди тоҷикони миллатдўсту ватандўст зарур аст. Барои мо ду садсолаи дигар ҳеҷ гуна низоъ ва ҷанг лозим нест.
Барои мо хомўшӣ афзал аст, то бештару иттифоқтару ботамкин ва бурдбор бошем! То душманон донанд, ки нақшаи онҳо кўҳна шудааст.
Дигар тоҷик он тоҷике нест, ки ба ҳар кори майда-чуйда ба хашм ояд.
Дигар онҳо ҷанг намекунанд ва якдигарро намекушанд. Ин пилтаро аз гўшатон гиред! Шумо саҳв кардед, ба ҷои дигар афтодед!
«СССР»\23.12.2008

Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?

Риш шукўҳ аст ё даҳшат?
Баҳси риш солҳост, ки идома дорад. Яке онро суннати паёмбар, дигаре чизи барзиёд ва сеюми шукўҳи шахс меҳисобад. Воқеан, ба симои шахсиятҳои таърихие чун Карл Маркс, Ф. Энгелс, Ленину Тротский омада, то Солженитсин нигарем, чунин ба назар мерасад, ки он, яъне ҳазрати риш, ба дин ва умуман ба дини ислом он қадар бастагие надорад, он гунае, ки диндорони мо иғроқ дар риш мекунанд; зеро аксарияти ин мардум аслан яҳудитаборанд, ҳатто на христиану мусалмоннажод…
Дирафшӣ накунед!
Имрўзҳо дар ҷомеаи мо риш шиносномаи шахс гаштааст. Агар сараш тарошида, каллапўши маҳаллӣ дораду риш мондааст, «ҳа, ин муллобача аст!». Дар солҳои Шўравӣ касе, ки риш мемонд, мегуфтанд, ки ин шахс дар рухсатии меҳнатӣ аст, ё дар ССО (гурўҳи донишҷўёни коргар) ва ё ба нафақа баромадааст. Агар шахс ришу мўйи сар дораду тоқӣ надорад, ин авбош аст ё боевик аст, мегуфтанд.
Солҳои ахир гурўҳе навҷавонони ба таъбир салафӣ маҳз бо ҳамин хусусиёти даҳшатафканӣ аз боевику авбош зуд аз назари мардум гаштанд ва ба танқиди сахти аҳли зиё ва махсусан ҳукуматдорон дучор гаштанд. Агар нозире аз ришдоре, ки тартиби ришмониро вайрон намудааст, пурсуҷў кунад, айб аз худи ҳамон шахс аст, ки ў худ дирафшӣ дорад (зарбулмасали классикӣ ба маънии худро ба намоиш гузоштан, мисли парчам). Ва ин ҳеҷ аҷобате надорад. Чун аз таърих мебинем, ки Пётри Кабир риши мардҳои русро қайчӣ занонду ба салоҳ овард ва имрўз аз он ибтикор нек арзёбӣ мекунанд.
Риш - моли ҷамъият аст ё индивид?
Пас риш чист, ки ин қадар боиси нигаронии, на танҳо мардуми оддӣ, ки ҳукуматдорон низ мегардад? Бояд қайд кард, ки чун риши индивид дар кулл сабаби изтиробу хашму нигаронии ҷамъиятҳо (давлати худамону кишварҳои дўсту душман) мегардад, пас он дигар моли фард нест!

пешина
аз 161
навбатӣ