33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ва ниҳоят китоби «Ҳафтяк»-е ба дасти мо расид, ки басо нодир аст, зеро онро устод Айнӣ ва қорӣ Абдулвоҳиди котиб (Шояд Абдулвоҳиди Мунзим бошад- С.М.) китобат карда, ба чоп омода кардаанд. Мо аз чанд китоби дарсии устод Айнӣ «Тартилулқуръон», «Таҳзибуссибиён» ва «Заруриёти диния», ки барои мактаббачаҳо навиштаанд, огаҳӣ доштем, вале аз ин хизмати устод хабар надоштем.
Дар саҳифаи аввал ду маротиба ном ва тахаллуси устод навишта шудааст. Нодир будани он боз дар он аст, ки дар ибтидои ҳар сура дар ҳошияҳо хосияти ин сураҳо аз тарафи тартибдиҳандагон оварда шудаанд. Овардани хавоси (хосиятҳои) сураву оятҳо дар ҳавошӣ (ҳошияҳо) пештар низ расм буд. Аз ҷумла дар ҳошияи сураҳои «Мулк»
ва «Ихлос» (саҳ. 92 ва 191) истинод аз паёмбар (с) оварда, таъкид кардаанд, ки ҳар кӣ бар сари гўр ин сураҳоро бихонад, азоби гўр аз он қабр бардошта шавад. Таъкид мекунем, ки Домулло Айнӣ хатмкардаи мадрасаҳои Бухорои Шариф ба ин бовар доштаанд. Ва умуман ҳамаи он домуллоҳои хатмкарда мутмаин буданд, ки бар сари қабр оят хондан на макрўҳ, балки савоб аст.
Устод Айнӣ чун дигар устодони мадориси Бухоро мисли муфтӣ Зокир, муфтӣ Икромча, муфтӣ Бурҳониддин, домуло Икром, Садри Зиё (р-а) ва ҳазорон таълимгирифтагони ин макотиб, ки дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон ва Осиёи Миёна умр ба сар бурдааанд ва фарзандони эшон пайравии онҳо карда меоянд, бар мазҳаби поки Эмоми Аъзам буданд ва ин мазҳабро беҳтарини мазҳабҳо медонистанд.
Дар яке аз беҳтарин луғатҳои замони СССР интишоршуда Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ) дар мақолаи «Ваҳобия» гуфта мешавад, ки дар Арабистони Саудӣ аз соли 1920 дини давлатӣ дини ваҳобӣ аст. Он ба муқобили тамоми расму оинҳои ислом аз қабили авлиёпарастӣ ва дар назди марқади ашхоси муқаддас сохтани масҷидҳо баромада, ин амалҳоро манъ кардаанд. Аз ин ҷо чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дар ин ҷода ҳам ваҳобиён ва ҳам салафиён ҳамқадаманд.
Имрўз, ин ҷараёни шўрбарангезанда бештар ҷавонони камтаҷриба, динаак намозомўхта ва содаро ба сафҳои худ мекашад.
Воқеан, бештарини онҳо то 40 - солаанд. Оне ки имонаш қавӣ ва устувор аст, оне ки худогоҳ аст, ҳеҷ гоҳ ба мазҳаб ё дини дигар намедарояд.
Салафу халаф, салафӣ ё нохалаф
Имрўзҳо ҳар лаҳза номи салафро шунида, солҳои навадум, ки аз зикри исмҳои Ваҳобу ваҳобӣ тарсе ба дил роҳ меёфт, ба ёд меояд. Ҳол он ки номи Ваҳоб яке аз исмҳои Худо буда, зикри бештари он ба шахс мартабате мебахшад. Аммо бо нақшаи душманони миллат ончунон ин номро барои бадном кардани якдигар истифода бурдем ва шоҳид будем, ки бо часпонидани доғи «ваҳобӣ» чӣ қадар сарҳо ба зери хок рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё