33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ид саиди фитр муборак!
Ҳар шахс саҳар хеста, аввал рўза мекушояд ва барои адои намози иди фитр тайёрӣ мебинад. Баръакс дар рўзи иди Қурбон баъди адои намози ид рўза мекушояд. Пеш аз намози ид ғусл кардан, либосҳои тозаву беҳтаринро пўшидан ва худро бо хушбўиҳо оро додан суннат аст. Дар рўзи ид дағалӣ кардан, ҷангу хархаша кардан дуруст нест. Ба хонаи якдигар рафтан, нишаста дуо кардан ва аз Қуръони маҷид оят хондан расми беҳтарини мусалмонон аст.
Якдигарро табрику муборакбод гуфтан, ба бачаҳо идгардак - тўҳфа додан, танҳо ба хотири мустаҳкам шудани дўстиву рафоқат аст.
Ҳадиси расулуллоҳ аст, ки «Ҳадя кунед, то дўстии шумо мустаҳкам шавад». Бале ин ид афзалияти расму оинҳои моро нисбат ба бисёр расму одатҳои халқҳои дигар нишон медиҳад. Дар куҷои дунёст дарҳои кушода, бе хоҳишу иҷозатпурсиҳои расмиятӣ ба хонаи бародари мусалмони худ даромадану табрик гуфтану вақтхушӣ кардан? – дар ҳеҷ ҷо! Бале, ин ид иди мо мусалмонҳост ва мо онро дўст медорему бо рўҳи болида ҳар сол онро ҷашн мегирем ва бозомаданашро интизорем.
Иди саиди фитр муборак, ҳамватанони азиз!
«СССР»\9.09.2009
Хато кардед, ҷаноби салафӣ!
Устод Айнӣ чун дигар устодони мадориси Бухоро мисли муфтӣ Зокир, муфтӣ Икромча, муфтӣ Бурҳониддин, домуло Икром, Садри Зиё (р-ҳ) ва ҳазорон таълимгирифтагони ин макотиб, ки дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон умр ба сар бурдааанд ва фарзандони эшон пайравии онҳо карда меоянд, бар мазҳаби поки Эмоми Аъзам буданд ва ин мазҳабро беҳтарини мазҳабҳо медонистанд.
Аз тарафи Сардори давлат эълон шудани соли 2009 – соли Эмоми Аъзам, Абуҳанифа, Нўъмон бини Собит гоми бузургест барои муттаҳид намудани мардуми тоҷик, пос доштани равияву мазҳаби аҷдодӣ ва бекору заиф сохтани ҳама гуна равияҳои бегонаву навбаромаду тафриқаандоз.
Ба воситаи радиои Озодӣ баҳси яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон ва ҷавонеро, ки худро пайрави ҷараёни салафия муаррифӣ мекард, дар атрофи қоидаи дар сари гўр оят хонданро шунида, афсўс хўрдам, ки он ҷавон чуноне ки бояд ба шаккокии худ ҷавоб нагирифт.
Он ҷавон таъкидан мегуфт, ки дар сари гўр оят хондан макрўҳ аст.
Домуло ҳам гўё ба ин ҳукми муллои навбаромад сар фуроварда бошад, далеле барои ҷомеаи имрўзаи мо, ки аз бозе худро мешиносанд, дар сари гўр оят мехонанд, оварда натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё