Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

«Аҳмадов ҳар як донишҷўи курси якуми факултаи ҳуқуқшиносиро медонад» (фардии куллӣ). «Аҳмадов баъзе аз илмҳоро меомўзад» (фардии ҷузъӣ). Ҳамаи донишҷўёни гурўҳи мо илми мантиқро меомўзанд» (куллии фардӣ). «Баъзе донишҷўёни гурўҳи мо забони арабиро медонанд» (ҷузъии фардӣ). «Ҳар як донишҷўи гурўҳи мо баъзе Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро мешиносад» (куллии ҷузъӣ). «Баъзе донишҷўёни гурўҳи мо ҳар як футболбози командаи «Челсӣ»-ро мешиносанд» (ҷузъии куллӣ). Айнан ҳамин тавр навъҳои муносибати сеҷоя, чорҷоя ва ҳоказоро аз рўи миқдор баён кардан мумкин аст.
Яке аз навъҳои ҳукмҳои сода, ҳукмҳои вуҷудӣ мебошанд.
3. Қазияи вуҷудӣ, ҳукмест, ки дар он мавҷуд будан ё набудани худи ашё ё ҳодиса тасдиқ ё инкор мешавад. Масалан, «Фикр бе забон вуҷуд надорад», «Одамон мавҷуданд». «Дар сайёраҳои дигари системаи Офтоб ҳаёт вуҷуд надорад». Аксар вақт баъзе мантиқшиносон чунин ҳисоб мекунанд, ки гўё ҳукмҳои вуҷудӣ хусусияти маърифатӣ надошта бошанд.
Ҳатто даъво менамоянд, ки онҳоро ҳукм ҳисобидан мумкин нест. Собит карданӣ мешаванд, ки ҳукмҳои вуҷудӣ предикат ё субъект надоранд.
Албатта, чунин ақида беасос аст. Зеро ҳукми вуҷудӣ ҳам мисли ҳукмҳои дигар, ҳам субъект дораду ҳам предикат. Субъекти ҳукмҳои мазкурро мафҳум дар бораи мавзўи ҳукм ташкил медиҳад, ки объективан вуҷуд доштан ё надоштани вай тасдиқ ё инкор мешавад. Предикати ҳукмҳои вуҷудиро фикр дар бораи вуҷуд доштан ё надоштани ашё ташкил медиҳад.
Ҳукмҳои айният (мусовӣ) (намудаш «А=В) ва ҳукмҳои ҷиҳатии (модалии) содда (масалан, «Эҳтимол оташфишонии вулқони Везувий ба амал ояд») низ аз қабили ҳукмҳои содда мебошанд.
Мо аз баёни муфассали ҳукмҳои мазкур худдорӣ мекунем, чунки ҳукмҳои вуҷудӣ ба ҳукмҳои атрибутивӣ, ҳукмҳои айният ба ҳукмҳои муносибат ва ҳукмҳои содаи ҷиҳатӣ ба ҳукмҳои мураккаби ҷиҳатӣ монанд мебошанд. Аз ин рў, бо илова намудани ягон эзоҳ ё шарҳ ҳукми вуҷудӣ ба атрибутивӣ, айният ба муносибат ва содаи ҷиҳатӣ ба мураккаби ҷиҳатӣ табдил мешавад. Лекин дар поён ҳукмҳои мураккаби ҷиҳатиро баён мекунем.

§3. Ҳаҷми истилоҳот ва тақсимшавии онҳо дар қазия

Ҳангоми иҷрои амалҳои мантиқӣ нисбат ба ҳукмҳои А,Е,I,О ва натиҷагирӣ барои мо лозим меояд, ки бо ҳаҷми истилоҳҳо ва тақсимшавии онҳо дар ҳукмҳо кордор шавем.

пешина
аз 262
навбатӣ