Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Якум. Тасниф бояд силсилаи тақсими пайдарҳам ё замимадор бошад, ки аз рўи нишонаҳои муайян сурат гирад. Ин нишонаҳо барои ҳалли масъалаҳои назарию амалӣ кўмак расонанд. Бинобар ин, тасниф силсилаи тақсимҳоест, ки ба ҳалли масоили муайян нигаронида шудааст. Асоси таснифро бояд нишонаҳое ташкил диҳанд, ки барои ҳалли масъалаи гузошташуда муҳим бошанд.
Нишонаҳо мутлақан муҳим ва нисбатан муҳим мешаванд. Бинобар ин, тасниф ҳам аз рўи нишонаҳои мутлақан муҳим ва ҳам нисбатан муҳим сурат мегирад. Масалан, чунин нишонаи элементҳои химиявӣ мисли «дорои вазни атомии муайян будан» - нишонаи мутлақан муҳим мебошад. Дар системаи даврии элементҳои химиявӣ, дар қатори дигар нишонаҳо, нишонаи мазкур низ ба назар гирифта шудааст. Зеро вай яке аз асосҳои тақсимро ташкил кардааст. К. Маркс ва Ф.Энгелс таснифи форматсияҳои иҷтимоию иқтисодиро аз рўи тарзи истеҳсолот баён кардаанд, ки он нишонаи мутлақан муҳимро ташкил мекунад. В.И. Ленин одамонро аз рўи нишонаҳои мутлақан муҳим ба гурўҳҳо (синфҳо) тақсим намудааст. Барои инсон вазнаш нишонаи муҳим нест. Лекин дар амалия вайро бояд ба назар гирифт.
Масалан, дар ибтидои парвози инсон ба кайҳон, вазни кайҳоннавард ба назар гирифта мешуд. Пас маълум мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо вазни инсон ҳам нишонаи муҳим шуда метавонад.
Ҳангоми тасниф доимо дар хотир нигоҳ доштан лозим аст, ки таснифи мазкур бо кадом мақсад гузаронида мешавад ва барои ҳалли кадом масъала нигаронида шудааст. Масалан дар фалсафа усулҳои маърифати илмӣ чунин тасниф шудааст: усулҳои умумиилмӣ, байниилмӣ ва ҷузъиилмӣ.
Бешубҳа, мақсади чунин тасниф норавшан аст. Ба ақидаи мо, ҳангоми тақсими усулҳо аз рўи дараҷаи умумияташон бояд навъҳои зерин номбар шавад: усулҳои умумӣ, усулҳои умумияташон миёна ва усулҳо – алгоритмҳо. Усулҳои умумӣ гуфта, усулҳои фалсафиро меноманд, ки тавассути онҳо самти умумии маърифат муайян мешавад. Усули гурўҳи дуюмро чунин усулҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо ба илмҳои ҷузъи тааллуқ дошта, самти ҷараёни маърифатро бо таври мушаххас аниқ менамоянд.
Усулҳои гурўҳи сеюм бошанд, ногузир барои ба даст даровардани натиҷаи матлуб нигаронида шудаанд. Мақсад аз ин тасниф он аст, ки мавқеи ин ё он усул, пеш аз ҳама, усулҳои фалсафӣ муайян шавад. Зеро онҳо усулҳои муҳимтарини таҳқиқи зуҳуроти мураккабанд. Ҳар гуна таснифи дуруст тақозо менамоянд, ки ин амал дар асоси нишонае сурат гирад, ки он барои фаъолияти амалию назарӣ аҳамиятнок бошад.
Дуюм. Дар тасниф чизҳо аз рўи нишонаҳо чунон ба гурўҳҳо тақсим шаванд, ки ошкор намудани хосиятҳои узви тасниф осон гардад. Масалан, хосиятҳои элементҳои химиявиро аз рўи ҷои ишғолкардааш дар низоми даврии Д.И.

пешина
аз 262
навбатӣ