Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ибни Сино навишта буд: «Истеъмоли алфози ғариб ва маҷозӣ ва мустаор дар таҳдид кардан зишт бошад, балки бояд, ки истеъмоли алфози томм ва муътадил кунанд. Ва агар иттифоқ уфтад,ки маъниро лафзи муносиби муътод набошад, бояд, ки аз баҳри вай лафзи муносиби мувофиқ
1 ихтироъ кунанд ва далел созанд бар он маънӣ, он гоҳ истеъмол кунанд».
Қоидаи чаҳорум. Таърифи номиналӣ (исмӣ) набояд таърифи реалӣ (воқеӣ) ҳисоб шавад. Чӣ тавре, ки дар боло таъкид шуд, таърифҳои номиналӣ дурўғ шуда наметавонанд. Баъзан таърифҳои номиналиро ҳамчун таърифи реалӣ ҳисоб карда, ба вай маълумоти навро илова менамоянд. Маълумоти нави иловашуда метавонад ҳукме бошад, ки дар он оид ба вуҷуд доштани чизҳои дар дефиниендум инъикосшуда сухан равад. Дар натиҷаи чунин тафсир мумкин аст, ки фикри дурўғ пайдо шавад, зеро дефиниендуми таърифи номиналӣ метавонад истилоҳи ғайрихолӣ набошад. Мисоли зеринро дида мебароем, ки дар он таърифи номиналӣ ҳамчун таърифи реалӣ тафсир шудааст Фарз мекунем, ки таърифи номиналии зер дода шудааст: «Аллоҳ– мавҷуди мукаммалтарин аст». Таърифи номиналии дигареро мегирем; «Мавҷуди мукаммалтарин мавҷудотест, ки дорои ҳамагуна хосияти чизҳои обективи, буда, илова бар он хосиятҳои ҳамадонӣ, муқтадирӣ ва ғайраро дорост». Оё мумкин аст, ки ин таърифҳоро муқаддимаҳо дониста, аз онҳо дар бораи вуҷуд доштани Аллоҳ натиҷа гирифта шавад? Гирифтани чунин натиҷа (яъне Аллоҳ мавҷуд аст) дар як ҳолат, яъне ҳангоми таърифҳои мазкурро ҳамчун таърифи реалӣ тафсир намудан имконпазир аст.
Агар ин муқаддимаҳо ҳукмҳои ҳақ бошанд, бешак натиҷа низ ҳақ мешавад. Лекин, азбаски таърифҳои номиналианд онҳоро на ҳақ ва на дурўғ ҳисобидан мумкин нест. Бинобар, ин аз онҳо натиҷаи дуруст гирифта намешавад.
Дар муҳокимаронии боло, ҳангоми тафсири таърифҳои номиналӣ ҳамчун таърифи реалӣ, баробари ҳақ ҳисобидани муқаддимаҳо вуҷуд доштани Аллоҳ низ тахмин мешавад. Сипас, аз тахмине, ки мувофиқи он Аллоҳ мавҷуд аст, хулоса бароварда мешавад, ки дар ҳақиқат, Аллоҳ мавҷуд аст. Бо ҳамин тариқ, чунин тарзи муҳокимаронӣ на ин ки вуҷуд доштани Аллоҳро, балки ҳукми «Агар Аллоҳ мавҷуд бошад, пас вай вуҷуд дорад»-ро собит мекунад.
Қоидаи панҷум. Қоидаи муҳим будани таъриф. Дар таърифҳои илмӣ бояд ҷиҳатҳои муҳими чизҳо ошкор шавад. Талаботи мазкурро Арасту пешниҳод карда буд. Ба ақидаи ў, таъриф тавассути ҷинс ва фасл моҳиятеро ифода мекунад, ки на фақат барои чизҳои таърифшаванда, балки барои чизҳои дигар низ умумист. Фасл ё худ навъи фарқкунанда, моҳияти махсуси

Ҳамон ҷо: саҳ 150.

пешина
аз 262
навбатӣ