Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар мисоли охир, ба шарте, ки забони арабӣ ҳам яке аз забонҳои шарқӣ ба шумор равад Сабаби холӣ будани мафҳумҳои мазкур якхела нест. Масалан, сабаби холӣ будани ду мафҳуми аввал зиддиятнокии мазмуни воқеии онҳост.
Аниқтараш, дар донишҳое, ки мо дорем, мазмуни онҳо зиддиятнок аст. Аз нуқтаи назари қонуни бақои энергия мазмуни мафҳуми якум зиддиятнок аст.
Мазмуни мафҳуми дуюм бошад ба дониши маълуми «ҳамаи металлҳо қобилияти барqгузарониро доранд» мухолиф аст. Бинобар ин ҳаҷми воқеии ду мафҳуми аввал холист. Аммо, ҳаҷми мантиқии ин мафҳумҳо холӣ нест.
Мазмуни мафҳуми сеюм бошад худ ба худ мухолиф аст. (мухолифати мантиқӣ). Ҳаҷми ин мафҳум мантиқан холист.
Мазмуни воқеии мафҳуми хА(х) ҳамон вақт зиддиятнок мешавад, ки агар донише, ки онро тавассути маҷмўи гуфторҳо Г – ишора мекунем мавҷуд бошад ва онҳо байни худ дар муносибати зерин бошанд: Г, А (х) 3дт (3дтзиддият), яъне аз формулаҳои мазкур формула ва дар айни ҳол инкори ҳамин формула бармеояд ё ки BℸB,ГℸА(x). Мазмуни мантиқии мафҳуми хА(х) ҳамон вақт зиддиятнок мешавад, ки агар таносуби зерин: А(х) 3дт ҷой дошта бошад ё ℸA(x). Зиддиятнокии мазмуни (ҳам мантиқию, ҳам воқеӣ) мафҳумро тавассути ҳисоби предикатҳо собит кардан мумкин аст.
Пайдоиши мафҳумҳое, ки мазмуни мантиқиашон зиддиятнок аст, бо хатоҳои дар ҷараёни маърифат рўйдиҳанда вобастаанд. Баъзан чунин хатоҳо ҳангоми ташаккули мафҳумҳои мураккаб, масалан дар риёзиёт рўй медиҳанд.
Мафҳумҳое, ки мазмуни мантиқиашон зиддиятнок набуда, мазмуни воқеиашон зиддиятнок аст, дар мавридҳои зерин ба вуҷуд меоянд.
Якум. Мафҳумҳое, ки дар соҳаи гуногуни илм ташаккул меёбанд, на фақат дар бораи ашёи воқеӣ (ашёе, ки мавҷудияташон собит гардидааст),балки ашёеро фаро мегиранд, ки вуҷудашон тахмин мешавад. Ҳангоми ташаккули мафҳумҳои ашёи тахминшуда хусусияти фаъолнокии маърифат мушоҳида мешавад. Таҳқиқи минбаъда метавонад собит намояд, ки ба ин гуна мафҳумҳо дар воқеияти реалӣ ягон ашё мувофиқ нест ва мазмуни воқеии онҳо низ зиддиятнок аст.
Масалан, мафҳумҳои «эфири олам», «мавҷудоти зинда, ки дар Миррих зиндагонӣ мекунанд», дар ҳамон лаҳзае, ки онҳо ташаккул меёбанд, мазмуни воқеияшон зиддиятнок нест, вале, дар ҷараёни инкишофи дониш мазмун метавонад зиддиятнок шавад.
Дуюм. Баъзан мафҳумҳое дучор мешаванд, ки мазмуни онҳо аз лаҳзаи ташаккулашон сар карда, нисбат ба донишҳои мавҷуда мухолиф мебошанд.
Зеро ашёе, ки дар онҳо таъмим мешаванд, дар воқеияти реалӣ вуҷуд надоранд.

пешина
аз 262
навбатӣ