Мантиқ

Мафҳумҳои мазкурро тавассути забони мантиқи предикатҳо ин тавр ифода кардан мумкин аст.
(1) xR(x) ( 2) x(Q(x)R(x))
Равшан аст, ки мазмуни мантиқии мафҳуми дуюм, назар ба мазмуни мантиқии мафҳуми якум бойтар мебошад, зеро байни онхо муносибати Q(x)^R(x)R(x) ҷой дошта, лекин муносибати зерин R(x)Q(x) R(x) ҷой надорад. Акнун мебоист ҳаҷми мафҳуми дуюм назар ба ҳаҷми мафҳуми якум хурдтар бошад, лекин дар ҳақиқат ин тавр нест, чунки мафҳумҳои мазкур ҳаҷман баробаранд. Чӣ бояд кард? Барои ин ҳаҷми мантиқиро аз ҳаҷми воқеӣ бояд фарқ кард. Ғалатфаҳмии болоӣ натиҷаи бо ҳам омехтани мазмун ва ҳаҷми гуногун мебошад. Воқеан, дар боло мазмуни мантиқии мафҳумҳои (1) ва (2) ва ҳаҷми воқеии онҳо бо ҳам муқоиса карда шудааст. Албатта, ин кори хатост. Бинобар ин, ҳангоми муқоиса намудани ҳаҷм ва мазмуни мафҳумҳо бояд ҳаҷми воқеӣ бо мазмуни воқеӣ ва мазмуни мантиқӣ бо ҳаҷми мантиқӣ муқоиса шавад. Риоя нашудани шарти мазкур боиси каҷфаҳмию ғалатфаҳмӣ мегардад. Дар мисоли болоӣ, агар мо ҳангоми муқоиса, донишҳои доир ба инсон доштаамонро низ истифода барем, пас собит кардан душвор нест, ки онҳо мазмунан якхелаанд (мазмуни воқеии онҳоро дар назар дорем).
§4. Навъҳои мафҳум
Одатан, ҳангоми ба навъҳо тақсим намудани мафҳумҳо асосҳои зеринро ба назар мегиранд: 1) миқдори ашёе, ки дар мафҳум таъмим мешаванд; 2) навъи ашёи таъмимшаванда; 3) хусусияти нишонаҳое, ки аз рўи онҳо ашё ҷудо шуда,таъмим мешаванд.
Дар чунин таснифот пеш аз ҳама мафҳумҳои содда (яъне мафҳуме, ки мазмунашро тавассути предикати сода ифода кардан мумкин аст) дар назар аст ва шакли мантиқиашон чунин аст: х А(х).
- Аз рўи миқдори ашёи таъмимшаванда мафҳум ба ду навъ: мафҳуми ҳаҷман холӣ (сифрӣ) ва мафҳуми ғайрихолӣ (ҳаҷмаш ба сифр баробар нест) тақсим мешавад.
Мафҳумеро, ки мазмунашро маҷмўи нишонаҳои ба ягон чиз тааллуқ надошта ташкил медиҳад, мафҳуми ҳаҷман холӣ меноманд. Нишонаҳои мафҳуми холӣ ба ягон чиз мансуб нестанд. Масалан: 1) «ҳаракатдиҳандаи абадӣ». 2) «моддае, ки фулузот буда, қобилияти барқгузарониро надорад». 3) «шахсе, ки тамоми забонҳои шарқро медонаду, аммо забони арабиро намедонад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё