Мантиқ

Масалан, «гази идеалӣ», «ҷисми мутлақ сиёҳ». Лекин, чунин мафҳумҳо барои мураттаб сохтани назарияҳои илмӣ лозиманд. Мазмуни онҳо дар ҳудуди чунин назарияҳо ғайризиддиятнок аст.
Одатан, дар байни мафҳумҳои ғайрихолӣ баъзан мафҳумҳои фардӣ ва куллиро ҷудо менамоянд. Мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон аз як чиз ё унсур иборатанд, мафҳуми фардӣ ва мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон аз ду ва ё зиёда чиз ё унсурҳо иборатанд, мафҳуми куллӣ номида мешаванд. Ба ҳамин тариқ, ҳаҷми мафҳуми куллиро гурўҳ (иборат аз ду ва ё зиёд) – унсур ташкил медиҳад.
Аз рўи навъи ашёи таъмишаванда мафҳумҳо ба мафҳумҳои ҷомеъ ва ғайриҷомеъ, инчунин ба мушаххасу таҷридӣ тақсим мешаванд. Мафҳуме, ки унсури ҳаҷми он на ин ки фард, балки маҷмўи ашёи якҷинса, ки ҳамчун як чизи бутун тасаввур мешаванд, мафҳуми ҷомеъ номида мешавад. Бо ибораи дигар, унсури ҳаҷми мафҳумҳои ҷомеъ ягон дастгоҳ (маҷмўи ашёи якҷинса, ки ба ҳам васл шудаанд) мебошад. Масалан, «халқ», «команда», «артиш» ва ғайраҳо. Дар мафҳумҳои мазкур мувофиқан халқҳо, командаҳо ва артишҳо таъмим шудаанд, ки ҳамаи онҳо мафҳуми куллианд. Мафҳумҳои ҷомеъ метавонанд фардӣ бошанд. Масалан «тими Истиқлол» «артиши миллии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.
Мафҳумҳое, ки унсурҳои ҳаҷмашон чизи алоҳида буда метавонанд, мафҳумҳои ғайриҷомеъ ном доранд. Масалан, «сайёраи системаи Офтобӣ», «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «намояндаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.
Дар мафҳумҳои мушаххас ашё чун зуҳуроти воқеият таъмим мешаванд. Масалан, «ҷиноят», «давлат», «қонун», «ҳуқуқшинос», «электрон» ва ғайра.
Мафҳуми таҷридӣ (абстрактӣ) бошад, танҳо ягон ҷиҳат, хосият ё муносибати ашёю зуҳуроти воқеиятро инъикос менамояд. Масалан, «истеъдод», «ҷасорати капитани милитсия Аҳмадов», «матонат», «сазовори ҷазо будани кирдори Шамсиев» ва ғайра).
Одатан, мафҳумҳои мушаххас ва таҷридӣ аз якдигар аз рўи принсипи зерин фарқ кунонида мешавад: агар дар мафҳум ашё иникос шуда бошад, вай мафҳуми мушаххас аст, ки дар мафҳум бевосита ашё ё зуҳурот не, балки хосият ва муносибати онҳо инъикос ёфта бошад, пас ин гуна мафҳум абстрактӣ мебошад.
Аз рўи хусусияту нишонаҳое, ки мувофиқи онҳо ашё ҷудо шуда таъмим мешаванд, мафҳумҳо ба мусбат, манфӣ, инчунин, нисбатдор ва бенисбат таксим мешаванд. Агар мафҳум нишонае, ки ба чиз мансуб аст, (яъне нишонаи мусбат) инъикос кунад, мафҳуми мусбат ном дорад ва агар мафҳум ба чиз дахл надоштани ягон нишонаро (яъне нишонаи манфӣ) инъикос кунад, пас вай манфӣ номида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё