Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Истилоҳ нисбат ба забони ҳуқуқ ҳамчун калима ё худ гурўҳи калимаҳо мебошад, ки аҳамияти юридикӣ дорад, чунки мафҳуми ҳуқуқиро ифода менамояд ва ҳангоми маърифати зуҳуроти олами моддӣ аз нигоҳи ҳуқуқ, истифода бурда мешавад. Сохти мантиқии мафҳумҳои ҳуқуқӣ барои ҳамаи мафҳумҳо якхела мебошад. Бо вуҷуди ин мазмун ва ҳаҷми онҳо дорои хусусиятҳоеанд, ки ҳангоми фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ бояд ба назар гирифта шавад.
Одатан ду навъи мафҳумҳои ҳуқуқиро фарқ мекунанд: нисбатан ҳуқуқӣ ва махсусан ҳуқуқӣ. Мафҳумҳои нисбатан ҳуқуқӣ на фақат дар фаъолияти ҳуқуқӣ, балки дар дигар соҳаҳо низ истифода мешаванд. Масалан, мафҳумҳои «қонун», «шоҳид», «модда», «тафтишот», «исбот», «амр» ва дигарон на фақат мазмуни ҳуқуқӣ, балки мазмуни дигар низ доранд.
Мафҳумҳои махсусан ҳуқуқӣ фақат сифатҳои ҳуқуқии объектро инъикос менамоянд. Масалан «даъвогар», «ҷавобгар», «ҳуқуқвайронкунӣ» ва ғайра.
Агар ба мазмуни мафҳумҳои нисбатан ҳуқуқӣ нишонаи навъии махсусан ҳуқуқӣ ҳамроҳ шавад, дар натиҷа онҳо ба мафҳумҳои махсусан ҳуқуқӣ табдил меёбанд. Масалан, мафҳуми «қонун» мафҳуми нисбатан ҳуқуқӣ аст, аммо мафҳуми «қонуни юридикӣ» махсусан ҳуқуқӣ мебошад.
Бинобар ин барои ҳуқуқшинос зарур аст, ки барои аниқу равшан гардонидани маънои ҳуқуқӣ бояд аз мафҳумҳои махсусан ҳуқуқӣ истифода барад, гарчанде дар баъзе ҳолатҳо ҳуқуқшиносон мафҳумҳои нисбатан ҳуқуқиро кор мефармоянд. Мафҳумҳои махсусан ҳуқуқие, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ истифода мешаванд, дар навбати худ, ба ду зергурўҳ тақсим мешавад: умумӣ (куллӣ) ва махсус. Мафҳумҳои куллии ҳуқуқӣ дар назарияи умумии ҳуқуқ истифода мешаванд, ки назарияи мазкур асоси методологии ҳуқуқи соҳавиро ташкил медиҳад. Масалан, «тартиботи ҳуқуқӣ», «қонунӣ будан», «меъёри ҳуқуқӣ», «субъекти муносибати ҳуқуқӣ», «ҷавобгарии юридикӣ» ва дигарон мафҳумҳои куллии махсусан ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар ҳуқуқи ҷиноӣ, ҳукуқи шаҳрвандӣ, ҷараёни ҷиноӣ, ва ҳоказо бо таври васеъ истифода мешаванд.
Мафҳумҳои махсуси соҳавӣ хусусиятҳои соҳаи мушаххаси ҳуқуқро ифода менамоянд. Мафҳумҳои ҳуқуқӣ барои он устувор ва муайян мебошанд, ки дар қонунҳо сабт гардидаанд. Мафҳумҳое, ки дар қонунҳои юридикӣ сабт шудаанд, барои субъекти маърифат ягона ва ҳатмӣ мебошанд.
Ягон кас наметавонад, ки мафҳумҳои дар қонун сабт шударо дар маънои дигар истифода барад.

пешина
аз 262
навбатӣ