Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Масалан, моҳияти ин ё он сохти ҷомеаро аз рўи тарзи истеҳсолоти дар ҳамин ҷомеа ҳукмрон муайян мекунанд.
Ҳангоми ташаккули мафҳумҳои илмӣ нишонаҳои муҳими ашёро ошкор кардан лозим аст.

§2. Мафҳум ва калима

Мафҳум ва калима, дар пайдоиш ва ташаккули худ аз якдигар ҷудонашавандаанд. Калимаҳо асоси моддии мафҳумҳо буда, бе онҳо ташаккулёбии мафҳумҳо имконнопазиранд. Лекин ин маънои онро надорад, ки онҳо бо ҳам айният бошанд. Онҳоро аз якдигар фарқ кунонида тавонистан лозим мебошад. Якум ин, ки на ҳар гуна мафҳум тавассути як калима ифода мешавад. Бисёр мафҳумҳо тавассути гурўҳи калимаҳо ифод мешаванд.
Масалан «донишҷўёни курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» «Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноӣ» ва ғайра. Дуюм ин, ки мафҳум ва калима на ҳамеша бо якдигар мувофиқ меоянд, ки ин аз мавҷуд будани омонимҳову синонимҳо вобаста аст.
Омонимҳо гуфта калимаҳоеро меноманд, ки аз ҷиҳати овоз якхела буда, аммо мафҳумҳои гуногунро ифода менамоянд. Масалан, калимаи «пай»
ё худ «из» панҷ маъно дорад: нақши пой ё ин ки панҷаи даст дар ягон сатҳ; натиҷаи фаъолияти ягон шахс, харошидан, натиҷаи зарба, ки дар бораи ягон амал шаҳодат медиҳад, ҷузъи ночизе, ки аз ягон чиз боқӣ мондааст, қисми поёнии пой ё ҳуд пошна.
Ба омонимҳо калимаҳое наздиканд, ки онҳоро паронимҳо меноманд.
Паронимҳо - калимаҳоеанд, ки онҳо аз рўи овоз якреша мебошанд. Лекин аз рўи қимат ва овоз гуногун буда, аз рўи қиматашон қисман наздиканд.
Масалан «гуноҳ» ва «гунаҳкор», «шахси судшуда» ва «шахси судшаванда», «шахси давон» ва «шахси гуреза».
Омехта кардани паронимҳо боиси вайрон шудани маънои калима мегардад. Ҳангоми нодуруст истифода бурдани паронимҳо хатогиҳо рўй медиҳанд. Масалан «Судшаванда аз ўҳдаи боварии коллектив баромада натавонист». «Ин одамонро ман шинохта наметавонам барои он, ки рўяшонро надидаам». Ҳамин тариқ, қобилияти мафҳумҳои гуногунро ифода карда тавонистани калимаҳо баъзан муҳокимаю мулоҳизаҳоро ноаниқ, ё норавшан менамояд. Барои ҳамин ҳам зарур аст, ки қимати калима аниқ муайян шавад то, ки вай маънои муайян дошта бошад.
Аз ин рў, дар соҳаҳои гуногуни илму дониш низоми истилоҳот истифода мешавад. Истилоҳ гуфта калима ё гурўҳи калимаҳоеро меноманд, ки он мафҳуми муайяни соҳаи махсуси илм, техника, санъат, ҳаёти иҷтимоӣ ва ғайра ифода менамояд.

пешина
аз 262
навбатӣ