Мантиқ

Дар такмил ва инкишофи минбаъдаи таълимоти мазкур олимони америкоӣ Р. Карнап ва А. Черч, инчунин мантиқшиноси рус Е.К., Войшвилло саҳми бузург гузоштаанд.
Мафҳуми асосии назарияи номгузорӣ, мафҳуми ном аст.
Ном – калима ё гурўҳи калимаҳоест, ки ягон ашёро ифода мекунад.
Азбаски ном аломат аст, вай дорои қимат ва маъно мебошад. Қимати ном гуфта ашёи бо ин ном ифодашударо меноманд. Қимати номро баъзан денотат, десигнат ва номинат низ мегўянд. Маънои (ё мазмун, консепт) номро маълумот дар бораи ашё ташкил медиҳад.Одатан ду навъи номҳоро аз якдигар фарқ мекунанд. 1) Номҳое , ки танҳо як ашёро ифода мекунанд; 2) Номҳое , ки барои якчанд ашё умумианд. Номҳои гурўҳи якумро – фардӣ ва гурўҳи дуюмро номҳои умумӣ меноманд. Мисоли номҳои фардӣ: Моҳ, пойтахти Англия, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷумҳурии Тоҷикстон ва ғайраҳо.
Мисоли номҳои умумӣ: ҳайвон, давлати ҳуқуқбунёд, донишҷў, шоир, ҳуқуқшинос ва ғайра.
Ҳамин тариқ, қимати номҳои фардиро фард ташкил карда, қимати номҳои умумӣ ашёи ягон гурўҳ мебошанд, ки дорои зиёда аз як унсур аст.
Гурўҳе, ки аз унсурҳои қимати ном таркиб ёфтааст, ҳаҷми номро ташкил мекунад. Ҳаҷми номи фардро гурўҳе ташкил медиҳад, ки дорои як чиз аст.
Номҳо метавонанд, дорои мазмуни гуногун буда, ҳаҷман якхела бошанд. Масалан «Шаҳри калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «пойтахти Тоҷикистон». Вале номҳои ҳаҷман гуногуну аз ҷиҳати маъно якхела вуҷуд надоранд.
Тавассути номҳо ашёеро ифода кардан мумкин аст, ки дар воқеият вуҷуд надорад. Масалан: «дев» «нуқтаи дуртарини кайҳон». Ин гуна номҳоро номҳои мавҳум меноманд. Номҳое, ки қимати онҳоро ашёи воқеӣ ташкил медиҳанд, номҳои ҳақиқӣ номида мешаванд.
Акнун, саволи зеринро аз назар мегузаронем: «Оё ҳамаи номҳо дорои маъноанд?» Г.Фреге ва А.Черч дар чунин ақидаанд, ки ҳамаи номҳо дорои маъно мебошанд. Мувофиқи ақидаи Е.К. Войшвилло на ҳамаи номҳо маъно доранд. Барои тасдиқи ақидаи худ ў, номҳоро аз рўи маънояшон ба ду навъ тақсим менамояд: номҳое, ки маънои хос доранд ва номҳое, ки маънои хос надоранд. Номҳое, ки дорои маънои хосанд мисли номҳои тасвирианд.
Масалан, «дарёи калонтарини Аврупо». Маънои чунин номҳоро аз рўи сохташон, инчунин аз рўи маънои номҳое, ки ба номҳои тасвирӣ дохиланд (ҳамчун қисми таркибӣ), муайян менамоянд. Номи ғайритасвирӣ ба монанди «Волга» маънои хоси худро надорад. Агар онҳо маъно дошта бошанд ҳам, ин гуна маъно маънои хос набуда, балки мувофиқи хоҳиши субъект баён мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё