Мантиқ

Ба ибораи дигар, қимати маъноии аломат – ахбор дар бораи объект аст.
Одатан қимати ашёиро қимат номида, қимати маъноиро маъно ҳам мегўянд. Азбаски бо ёрии маъно объекти таҳқиқ аз дигар объектҳо фарқ карда мешавад, бинобар ин, қимати аломатро нисбат ба маънои он, ҳамчун мазҳар (функсия) таъбир намудан мумкин. Вале баъзе аломатҳо дорои қимат нестанд, яъне онҳо чунин объектро ифода мекунанд, ки худи объект дар воқеият вуҷуд надорад. Масалан, «мурғи Анқо», «Аҷузкампир», «аспи Пегас». Аломатҳое низ ҳастанд, ки онҳо маъно надоранд, яъне онҳо объектро ифода намоянд ҳам, дар бораи худи объект маълумот намедиҳанд.
Ифодаи «2-2»-ро аз назар мегузаронем. Ифодаи мазкур ҳамчун объекти моддӣ адади муайянеро ифода менамояд. Худи ҳамин адад қимати аломат аст. Ифодаи «2-2» дар бораи адади 0 баъзе маълумот (ахбор) медиҳад, ки он маъно ё мундариҷаи аломатро ташкил мекунад.
Нақши аломатҳоро дар маърифат Арасту, Ибни Сино, Насируддини Тўсӣ ва дигарон таҳқиқ карда буданд. Ин масъала диққати Лейбнис ва дигар олимонро низ ҷалб карда буд. Махсусан дар асри ХІХ, вобаста ба масъалаҳои лингвистика (забоншиносӣ) ва мантиқи рамзӣ, ба таҳқиқи аломатҳо диққати калон дода шуд. Дар натиҷа таълимот дар бораи аломатҳо инкишоф ёфт.
Файласуфи америкоӣ Чарлз Пирс барои пайдоиши илми семиотика – (таълимот дар бораи аломатҳо) – замина гузошт. Дар илми семиотика се фасл: синтаксис (наҳв), семантика (маъношиносӣ) ва прагматикаро аз якдигар фарқ мекунанд, ки онҳо боиси вуҷуд доштани се ҷиҳати забон гардиданд.
Синтаксис гуфта фасли семиотикаро меноманд, ки дар он муносибати аломатҳо таҳқиқ мешавад. Ҳангоми таҳқиқ маъною қимати аломатҳо ба инобат гирифта нашуда, диққати асосиро ба қоидаҳои мураттабсозӣ ва шаклан дигаргунсозии ифодаҳои забон равона мекунанд.
Семантика фасли семиотика мебошад, ки дар он муносибати аломатҳо ба объектҳои ифодашаванда, инчунин маънои аломатҳо таҳқиқ мешавад.
Прагматика бошад, муносибати инсонро ба аломатҳо, инчунин муносибати байниҳамдигарии одамонро дар ҷараёни муомилот, ки тавассути аломатҳо сурат мегирад, меомўзад.
§ 2. Номҳо.
Номҳо низ яке аз навъҳои аломат мебошанд. Таълимот дар бораи
номҳо, ки онро баъзан назарияи номгузорӣ ҳам меноманд, аз тарафи олими олмон Готлоб Фреге эҷод шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё