Мантиқ

Масалан: «Оё одамони лаппишдиҳанда мантиқро меомўхта бошанд?»
Ҳангоми муомилот, вазъиятҳое мешаванд, ки ҳарчанд савол мантиқан дуруст бошад ҳам, лекин каси дигар вайро ҳамчун саволи нодуруст қабул мекунад, зеро ба таркиби саволи мазкур калимаҳои нофаҳм дохиланд.
Масалан: «Оё ҳар як фард ба тахаюли парадоксӣ майл дошта бошад?».
Дар чунин маврид, калима ё ибораҳои нофаҳму номаълумро барои иштирокчиёни маҳфил фаҳмонидан лозим аст.
Агар ба савол ҷавоби дуруст (ҳақ) додан ноимкон бошад, он гоҳ саволи мазкур метавонад мантиқан нодуруст бошад, лекин бемаънӣ набояд бошад.
Баъзан чунин саволҳоро саволҳои иғвогарона низ меноманд Масалан, «Кай Тоҷикистон таҳдидашро нисбат ба мамлакатҳои Шарқ бас мекунад?»
Шахсе, ки саволи иғвогаронаро пешкаш мекунад, барои ҷавоби барқасдонаи худ нияту боварӣ дорад. Зеро ҷавобе, ки вай интизораш мебошад, асоси саволро ташкил медиҳад, Масалан, баробари гузоштани саволи зерин: «Аҳмадов забони англисиро меомўзад, ё забони арабиро?», пешакӣ маълум аст, ки Аҳмадов кадоме аз забонҳои номбаршударо меомўзад.
Ахбори дохили савол асос ё заминаи онро ташкил медиҳад. Саволе, ки заминаи он дурўғ аст, саволи мантиқан нодуруст мебошад.
Барои ба саволҳои иғвогарона ҷавоб додан, лозим аст, ки мантиқан нодуруст будани вай собит гардад. Масалан, собит намудан лозим аст, ки Тоҷикистон ҳеҷ вақт ба мамлакатҳои Шарқ таҳдид накардааст ва ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки худи гузориши саволҳои иғвогарона аз нуқтаи назари ахлоқ низ дуруст нест.
Қоидаҳои саволгўзорӣ:
Ҳангоми саволгузорӣ бояд қоидаҳои зерин риоя шаванд.
- Ҳангоми саволгузорӣ вай бояд мантиқан дуруст бошад. Яъне савол шаклан ва мазмунан дуруст баён шавад.
- Ҳангоми саволгузорӣ бояд шакли алтернативии ҷавоб ба назар гирифта шавад. Масалан, ба саволи «Оё Самадов мувофиқи айбнома худро гунаҳкор мешуморад?» ду ҷавоби алтернативӣ вуҷуд дорад: «Ҳа гунаҳкор мешуморам» ё «не, гунаҳкор нестам».
- Савол бояд кўтоҳ ва равшан бошад.
- Савол бояд сода бошад.
- Дар саволҳои мураккаби мунфасила бояд ҳамаи ҳолатҳои имконпазир (алтернативҳо) номбар шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё